Рӯзи 10 – уми декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Форуми байналмилалии волонтёриро таҳти унвони “Тақвияти шабакаҳои волонтиёрӣ барои навоварӣ, рушди малакаҳо ва ҳамбастагии иҷтимоӣ” роҳандозӣ намуд, ки якумин ҷаласаи пленарии он бо иштироки роҳбарияти Кумита, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҳаракатҳои волонтёрии кишварҳои ИДМ ва СҲШ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайн) дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардидааст.
Ба иттилои Маркази таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мақсади асосии доир намудани чорабинии мазкур табодули таҷриба дар фаъолияти волонтёрӣ байни кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), инчунин таҳкими шабакаҳои волонтёрӣ ва рушди ташаббусҳои иҷтимоии ин соҳа унвон дода шуд.
Ҳамзамон ҳадафи аслии Форуми байналмилалии волонтёрон таҳкими дӯстиву ҳамдилӣ, рафоқату баҳамоӣ, омӯзиши табодули таҷриба, баланд бардоштани нақши ихтиёриён дар ҷомеаи муосир ва тақвият бахшидани рушди фаъолияти волонтёрӣ мебошад.
Форуми байналмилалӣ 10 – уми декабр дар шаҳри Душанбе ибтидо ёфта, ҳайати иштирокчиён баъд аз нисфирӯзӣ барои идомаи дигар самти барномаи Форум ба мавзеи Осоишгоҳи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор сафарбар гардиданд, ки мутобиқи барнома то имрӯзи 12 – уми декабри соли равон идома ёфт.
Форум фазои кушоде буд, ки дар он иштирокчиён ва меҳмонон тавонистанд дар сессияҳо оид ба рушди донишу маҳорат барои дарёфти кори фосилавӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, санъати идоракунии вақт ва салоҳияти асосии асри 21, ки барои муваффақият дар ҷаҳони зудтағйирёбанда зарур мебошанд, иштирок намоянд. Форум платформаи вохӯрии ҷавонон ва коршиносон гардид, ки дар он ҳар нафар барои худ чизе аз мусоҳибаҳои ҷолиб то семинарҳои эҷодӣ ёфта метавонад.
Дар форум мавзуъҳои таъсири фаъолияти волонтёрӣ ба ҳаёти инсон ва ҷомеа, пайдоиши касбҳои нав ва талаботи бозори меҳнат дар оянда, истифодаи технологияҳои навин, аз қабили зеҳни сунъӣ (ChatGPT, Imagen, BLOOM) фаро гирифта мешаванд.
Форум бо сайру гашти маконҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва Ҳисор ба охир расида, ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки бо таъриху фарҳанги тоҷикон аз наздик шинос шуда, аз он баҳра баранд.
Дар ҷамъбасти Форуми мазкур озмуни ҷумҳуриявии «Волонтёрӣ ба ман чӣ дод?» натиҷагирӣ карда шуда, ғолибон бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ мегарданд.