11 декабри соли 2024 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) воқеъ дар шаҳри Париж мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ва муовини Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба масъалаҳои илмҳои табиӣ хонум Лидия Брито сурат гирифтааст. Дар ин бора сомонаи ВКХ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот самтҳои умдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва ЮНЕСКО мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо дар бораи дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мубодилаи афкор намуданд.
Дар баробари ин, вобаста ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, изҳори назар карда шуд.