Рӯзи севвум аст, ки сӯхтори шадиди ҷангалзор дар штати Калифорнияи ИМА идома дорад. Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, масоҳати сухтор ҳар лаҳза афзоиш ёфта, ба минтақаҳои аҳолиниш таҳдид мекунад.
Гуфта мешавад, ки бинобар баланд будани ҳарорати ҳаво ва вазиши сахти шамол оташнишонон аз паҳншавии босуръати сӯхтор дар бешазор пешгирӣ карда наметавонанд. Дар як қатор минтақаҳои штати Калифорния ҳолати фавқулода эълон гардида, 12 ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойҳои дигар кучонида шуданд. Тибқи расонаҳои хабарии маҳаллӣ ҳамасола дар штати Калифорнияи ИМА ҳазорҳо гектар ҷангал сухта нобуд мегардад.