Имруз, 28 ноябри соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии “Тавозун” баргузор гардид. Чорабинӣ ба мавзуи “Рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону коршиносон иштирок карданд.
Дар идома Субҳон Ашуров, доктори илмҳои иқтисодӣ дар мавзуи “Шуғли бомаҳсул ҳамчун ҳадафи афзаличтноки стратегӣ барои рушди кишвар” суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки шуғли пурмаҳсул ҳамчун ҳадафи 5-уми афзалиятноки стратегии кишвар бояд рушд дода шавад.
Бустон Аҳмадзода намояндаи вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар мавзуи ‘Ҷараёни татабиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул барои солҳои 2023- 2027″ маъруза намуда, дар бораи натиҷаҳои бадастомада ва мушкилоти таванди татбиқи барнома маълумот дод.
Хотиррасон мекунем, шуғли пурмаҳсул ҳамчун ҳадафи панҷум дар Стратегияи милии Рушди ҶТ барои то соли 2030 ум қабул гардидааст ва барои беҳтар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ мусоидат мекунад.
ШОИСТАИ АҲМАД,
радиои “Тоҷикистон”