Оғози Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо”

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо” ба кори худ оғоз кард.

Дар конфронс намояндагони мақомотҳои давлатӣ, намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, шарикони рушд, олимони ҷавон, муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, фаъолон, волонтёрон, коршиносон ва намояндагони ВАО иштирок доранд.

 Ба иттилои ҳамкорамон Гулрӯ Ниёззода, иштирокчиёни нишасти мазкур тақвияти ҳамкориҳои глобалиро дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ тавассути иҷрои қарорҳои марбутаи Асамблеяи Генералӣ ва Шӯрои Амнияти СММ, инчунин Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ мутобиқи Оинномаи СММ ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти кишварҳо таъкид намуданд.

Конфронси байналмилалӣ ҳузурӣ ва бо истифода аз платформаи Zoom бо тарҷумаи синхронии забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ ва чинӣ баргузор гардида истодааст.