Дар АМИТ бахшида ба 100-солагии академик Аҳрор Мухторов ҳамоиш доир гардид

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии академик Аҳрор Мухторов ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Осори қаламӣ ва катибаҳо – шоҳиди гӯёи таърих” доир гардид.

Ҳамоиш бо ташаббуси Иститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш баргузор шуд дар он аҳли оила, наздикон ва дӯстони академик, донишмандон, донишҷӯён ва кормандони академия иштирок доштанд.

Пас аз сухани ифтитоҳии ҳамоиш, доир ба фаъолияти Аҳрор Мухторов филми мустанад пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд, ки аз таърихи таваллуд то ба давраи хизмати ҳарбӣ ва фаъолият дар Академияи илмҳои Тоҷикисонро фарогир буд.

Саодат Мухторова духтари Аҳрор Мухторов, ки ҳамроҳ бо писар ва наберагонаш дар ҳамоиш иштирок доштанд, аз боздёфтҳои падараш ёдоварӣ карда, чунин нақл кард. “Падарам дар давраи фаъолияти илмии худ бисёр бозёфтҳои таърихии нодирро кашф кардаанд. “Санги сарнавишти Бобур Мирзо”, “Кандакориҳои рӯи чуб” ( аз деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ), “Шоҳсутун ва зерсутун”-и даври Кушониён (аз ноҳияи Шаҳринав) аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки дар бисёр намоишгоҳҳои дунё ба намоиш гузошта шудаанд. Ба наздикӣ ин бозёфтҳои нодир дар Фаронса ҳам намоиш дода шуд” – гуфт духтури Мухторов.

Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби донишмандон доир ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти ӯ маърӯзаҳо хонда шуданд. Ҳамчунин дар рафти ҳамоиш қайд гардид, ки Аҳрор Мухторов бо пешниҳоди махсуси муаллиф, муҳаррири асари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров буданд ва ин корро сарбаландона ба итмом расониданд, ки ин яке аз хизматҳои бузурги Мухторов барои мардуми тоҷик аст.

Рустам Зоирзода,

радиои “Тоҷикистон”