26 ноябри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Намояндагии минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (ICRC) дар Осиёи Марказӣ Биляна Милошевичро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории кунунии тарафайнро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба дурнамои рушди муносибатҳо ва рафти татбиқи барномаҳои башардӯстона дар кишвар мубодилаи афкор намуданд.