Давоми чанд рӯз мешавад, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Имрӯз санҷиши хонднандагони синфҳои 5 – 11 оғоз гардида, натиҷаи холҳои хонандагони синфҳои 1 – 4 маълум гардид. Наминатсияҳои эъҷоди назм ва наср бошад акнун имрӯз оғоз шуд.
Имрӯз ҳам иштирокчиёни озмун бо таёрии ҷиддӣ омада, донишу малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон гардониданд. Салимамоҳ Бекмуродзода хонандаи синфи 10 – уми МТМУ рақами 15 – и шаҳри Ҳисор буда, соли чорум аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” иштирок менамояд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки иштирокаш дар озмун ба ӯ имкон додааст, ки доираи ҷаҳонбинии илмӣ ва фикрронии худро пайдо намояд.
Маврид ба зикр аст, ки наминатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоӣ” яке аз бахшҳои фаъолтарини озмун ба ҳисоб меравад, зеро довталабони он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Инро ба назар гирифта, соли равон ин номинатсияро ба се гурӯҳ ҷудо намуданд: гурӯҳи якум- хонандагони синфҳои 1 то 4, гурӯҳи дуюм- хонандагони синфҳои 5 то 8 ва гурӯҳи сеюм- хонандагони синфҳои аз 9 то 11 ва 10,11-и муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ. Ҳокимшо Асроров хонандаи синфи 8 – уми МТМУ рақами 39 – и ноҳияи Кушониён буда, давоми чор сол аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоӣ” иштирок менамояд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки давоми ин чор сол дар баробари донишу малака, инчунин дӯстони зиёди китобхон низ пайдо кардааст.
Иштирокчии дигари Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” Сафуро Қурбонова хонандаи синфи 10 – уми МТМУ рақами 9 – и шаҳри Панҷакент мебошад. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки китобхонӣ барояш ба одати ҳаррӯза табдил ёфтааст ва мехоҳад, ки боз ҷаҳони маънавии худро васеъ намояд.
Бояд гуфт, ки даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» то 23 ноябри соли равон идома карда, дар ин муддат иштирокчиёни он дар баробари санҷиши дониш, инчунин аз маконҳои сайёҳӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе дидан мекунанд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”