ОЙИНАДОРИ ТАЪРИХ (Ба муносибати 100-солагии зодрӯзи академик Аҳрор Мухторов)

Имсол ба таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон 100 сол пур шуд. Бо амри таърих ҳамзамон Душанбе 100 сол пеш пойтахти ҷумҳурӣ эълон гардид, ки Бухорои дуввум дар ҳаёти сиёсиву маънавии халқи тоҷик маҳсуб меёфт ва имрӯз шукуҳу шаҳомати пойтахти тоҷикони ҷаҳон ба арсаи ҷаҳон танинандоз аст…

Шахсиятҳое, ки ҳамсоли Тоҷикистон ва пойтахти онанд хеле зиёданд, вале шахсиятҳои таърихӣ, нобиғаҳо, аломаҳо хеле ангуштшуморанд. Дар ҳамин радиф номи академик Аҳрор Мухторов чун шахсияти донишманд ва нобиғаи давру замон барои ҳар як нафари халқи тоҷик ҳамчун муаррих, катибашиноси шуҳратёфта, махазшинос, шарқшинос, адабиётшинос, фарҳангшинос ва хатшиноси барҷаста ошно аст. Агар ба 100 соли таърихи навини тоҷик ва пойтахти он нигарем, ҳаёту фаъолияти академик Аҳрор Мухторов бевосита ба ҳаёти ҷумҳурӣ тавъам будааст. 100 сол муқаддам 5 ноябри соли 1924 дар шаҳри бостонии Ӯротеппа (ҳоло Истравшан) ба дунё омада, аз тифлӣ то домони падруд дар шаҳри Душанбе, таҳсили ибтидоиву олӣ ва кору фаъолияти бардавом кардаанд. Муҳити илмиву адабии пойтахти тоҷикон ӯро ба омӯзиши таҳқиқ омода намуда, роҳу равиши ояндаи муаррихро равшан намуд. Маҳз дар ҳамин шаҳр заминаи асосии омӯзиши таърихи халқи тоҷикро гузошт ва минбаъд ба ковишҳои илмии ноаёни таърихи халқи худ камар баст. Зиндагиномаи донишманди вақт хеле гуворову рангин аст. Тамоми умри бобаракати хешро танҳо барои илму ирфон ва ҷустуҷӯҳои илмӣ бахшида, дар ҳар мулку дар ҳар як шаҳр, дар ҳар давлату дар ҳар бойгонӣ нишоне аз мероси бою ғании халқи тоҷик ҷустанд ва дар умри бобаракати худ ҳамчун як фарзанди барӯманди миллати тоҷик хизмати шоистае кардаанд. Академик Аҳрор Мухторов дар тамаддуни халқ ва миллати тоҷик нақши ҷовидонае доранд. Академик Аҳрор Мухторов дар қатори бузургмардони илми таърих, муаррихони варзида аллома Бобоҷон Ғафуров, Нуъмон Неъматов, Баҳодур Искандаров, Раҳим Масов, Борис Литвинский, Абдуҳамид Ҷалилов, Юсуфшо Ёқубов, Ғафур Ҳайдаров, Мақсуд Шукуров, Мансур Бобохонов дар таҳқиқу кашфи асрори таърихи халқи тоҷик саҳми боризе доранд. Дар ташаккул ва худшиносии миллӣ, дастёбӣ дар арзишҳои волои фарҳанги тоҷик, мусиқии классикии тоҷик, хатҳои гуногуни вақту замон, навиштаҳои болои санг ва маъхазҳои дар арсаи таърих иншошудаи илму адаби тоҷик, бозёфтҳои дастхатҳои нодири шоирони форсу тоҷик, ҷамъоварии катибаҳо шуғли асосии академик Аҳрор Мухторов буда, хизмати мондагоре дар ин роҳ кардаанд. Ҳанӯз ба хизматҳои арзандаи академик Аҳрор Мухторов Президенти вақти Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) академик Ӯлмас Мирсаидов баҳои воқеӣ дода, навишта буданд: «Кам нест хизмати ин муаррихи эътирофшудаи миллат дар сиккашиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шинохти илмии таърихи мамолики ҳамсоя Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ва ғайра…».

Воқеан, академик Аҳрор Мухторов аз он фарҳангиён ва муаррихи барҷастаи тоҷик аст, ки вазифа ва масъулияти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мадании худро дар назди миллати тоҷик сарбаландона адо намуда, пояи илми таърихро баъди аллома Бобоҷон Ғафуров чун як сутуни асосии он гузоштааст. Рисолати ватандорӣ, ифтихори миллӣ, тафаккури баланди илмӣ ба ӯ имкон додааст, ки марҳилаҳои гуногуни инкишофи халқи тоҷик ва фарҳанги оламгири ӯро зина ба зина пажуҳиш намоянд. Аз ин ҷо, фаъолияти илмию таҳқиқии академик Аҳрор Мухторов хеле гуногунҷабҳа ва серсоҳа буда, фарогири натанҳо масъалаҳои марбут ба таърих, балки ба фарҳанг, санъат, ҳунар, адабиёт, хат, забон будааст. Таҳқиқоте, ки муррих анҷом додаанд, дар асоси факт, далел, санад буда, навоварӣ, навгонӣ, кашф фарогири эҷоди асарҳои илмии эшон гардидааст. Маҳз, бозёфт ва тозагии андеша боиси нуфузи асарҳои олим гашта, таҳқиқоташро дар арсаи олами илм боло бурда, эътибори муррихи барҷастаро дар ҷаҳони муосири илм чун як муҳаққиқи тоҷик шиносонидааст. Таърих соҳаҳои зиёдеро фарогир буда. донишмандони вақт чихориҷиву чирус ва читоҷик дар як ё ду самт ё соҳаи марбути таърих дастёб шудаву эътибори ҷомеаи илмиро соҳиб мешаванд. Аммо, соҳа ва самти таҳқиқи илмию эъҷодии академик Аҳрор Мухторов басо гуногунранг буда, тарафҳои норушани таърихи халқи тоҷик, фарҳангу адабиёти онро, ки дар фавқ мо зикр кардем, ба дараҷаи баланди илмӣ таҳқиқ ва кашф кардаанд. Агар ба соҳаҳои гуногуни масъалаҳои мавҷуда, аз таърихи асрҳои миёна, бахусус асри Х1Х ва замони истиқлол нигарем аз бозёфтҳо ва эъҷоди илмии ин муаррихи барҷастаи тоҷик будааст. Месазад аз як навиштаи профессор Ҳайдашо Пирумшоев иқтибос оварем: «Академик Аҳрор Мухторов аз зумраи шарқшиносонест, ки мақоми илмиашон дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он эътибори хоса пайдо кардаанд…» ё дар ҷои дигар менависанд: «Аҳрор Мухторов бешак қомуси зиндаи таърихи асрҳои миёна ва навини халқу давлатҳои Осиёи Марказист. Аз рӯи нишондодҳои илмӣ ва таҳлили масоили мухталифи таърихи давраҳои ишорагашта, дар минтақа касеро ёфтан ниҳоят душвор аст, ки ба устод ҳамрадиф шуда тавонад…».

Дар сабзиш ва камолёбии Аҳрор Мухторов устодони зиёд саҳм доранд. Аз байни он олимон шарқшиноси намоёни рус А. А. Семёнов, ки эҷоди илмии худро барои омӯзиши таъриху фарҳанг, илму адаби халқҳои Осиёи Миёна, бахусус тоҷикон бахшидааст, дар тақдири минбаъдаи Аҳрор Мухторов ҳамчун муттахассиси ҷавон ва ояндадорӣ тоҷик нақши муҳим ва арзанда бозидааст. Маҳз бо ҳидояти ӯ аспиранти ҷавон мавзӯи илмии худро бо номи «Очерки таърихии мулкҳои қаламрави Ӯротеппа дар нимаи асри дувуми Х1Х» гирифта, дар як вақт мудири шуъбаи дастхатҳои Китобхонаи давлатии бо номи А.Фирдавсӣ гардид. Ба ҳамин васила ба роҳи пурпечутоби илм ворид гашта, заминаҳои минбаъдаи тадқиқотҳои худро гузошт. Ҳамин омӯзишу ҷустуҷӯҳои илмӣ, маъхазхониву дастхатхонӣ, шиносоӣ ба нозукиҳои китобхонашиносӣ ва истифода аз сарчашмаҳою катибаомӯзӣ минбаъд дар ҷараёни ковишҳо ва таҳқиқотҳои илмии муаррих дар бойгониҳои мамлакатҳои гуногун ва навишти рисолаҳои илмӣ кӯмак намудааст. Тамоми умри бобаракати академик Аҳрор Мухторов баъди фаъолият дар Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҷумҳурӣ гузаштааст.

Бояд қайд кард, ки академик Аҳрор Мухторов аз соли 1959 то соли 1991 дар ин боргоҳи илм ҳамчун мудири шуъбаи таърихи асрҳои миёна кору фаъолият намуда, шуъбаро ба яке аз марказҳои илмию- тадқиқотии бонуфуз расонидаанд. Асарҳои дар соҳаҳои гуногуни илми таъриху таърихшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, сиккашиносӣ, санъатшиносӣ, хаттотӣ, китобхонашиносӣ, махазу бойгоншиносӣ, адабиётшиносӣ, шеършиносӣ, катибашиносӣ ва ахиран китобҳои дарсии академик Аҳрор Мухторов зиёда аз 650 номгӯйро ташкил медиҳад, ки бо забонҳои гуногуни дунё дар Америко, Англия, Франсия, Олмон, Итолиё, Полша, Чехия, Маҷористон, Эстония, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ба табъ расидаанд, ки нуфузи ҷаҳонӣ пайдо кардани олими тоҷик аст. Таъкид бояд кард, ки асарҳои илмии устод зиёда аз 100 адад буда, мақолаҳои илмию оммавии эшон ба 700 расидааст. Академик Аҳрор Мухторов аз муаррихони барҷастаи тоҷик аст, ки дар тамоми самт ва равияҳои илми ҷомеашиносии муосири тоҷик асарҳои илмию тадқиқотӣ ба табъ расонидааст. Катибашиносӣ як ҷузъи тадқиқоти академик Аҳрор Мухторов буда, дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил шуда, дар Осиёи Марказӣ яке аз поягузорони равияи он маҳсуб меёбад. Маҳз ҳамин тарафи фаъолияти устод номи эшонро умумибашарӣ гардонидааст. Натиҷаи ҷустуҷӯ ва ковишҳои илмии катибашиносӣ ё худ сангнавиштҳо, ки асрори олами инсониро кушода медиҳад, дар асари дуҷилдаи ӯ «Ёдгориҳои катибавии Кӯҳистон (асрҳои Х1 – Х1Х)», (соли чоп 1978-79) ҷамъбаст гардида, баъдтар ҳамин масъалаи муҳим ба тавсияи Бобоҷон Ғафуров кори илмии доктории Аҳрор Мухторовро ташкил медиҳад. Катибаҳои нодире, ки солҳову асрҳо дар мавзеъҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он, яъне, Осиёи Миёна дар гирдоби таърих монда будаанд, ҷустану ёфтан ва онро ҷамъоварӣ намудан ва дар ин замина онҳоро омӯхтану дастраси аҳли илму омма намудан кори осон набудааст. 200 катиба (сангнавишта) -и аз водии Зарафшон пайдо кардаву ҷамъоварӣ намудаи олим гувоҳи заҳматҳои ӯст. Меарзад дар ҳамин ҷо, аз навиштаи узви вобастаи АМИТ Мирзо Муллоаҳмад порае биёварем: «Он катибаи машҳур, ки (бозёфти сангнавиште, ки бо дасти худи Заҳириддини Бобур дар Оббурдони Масчоҳ канда шудааст – А.А., Н. Ғ.) соли 1960 ҳангоми баргузории Конгресси ХХV шарқшиносони ҷаҳон дар толори Донишгоҳи Ломоносови шаҳри Москва ба маърази намоиш гузошта шуда буд, таваҷҷӯҳи на танҳо ширкаткунандагони он кунгураи бонуфуз, балки ҳамаи аҳли илму фарҳангро ҳам ҷалб намуд». Ин бозёфтҳои академик Аҳрор Мухторов аҳамияти умумимиллӣ ва умумибашарӣ дошт. Баъди тамошою омӯзиши ин катиба чил нафар олимони дунё дар бораи ин бозёфти олими тоҷик бо забонҳои гуногун мақолаҳо навишта, зикри хизмати донишманди тоҷик кардаанд. Бояд қайд кард, ки аз тарафи ҳамин донишманд катибаҳои зиёде аз гӯшаю канори ҷумҳӯрӣ ва берун аз он дар солҳои гуногун ҷамъоварӣ шуда, имрӯз дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва қисме аз онҳо дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Чунин бозёфтҳои нодир зиёд буда, ганҷинаи катибаҳо ё сангнавиштаҳоро ташкил додаанд. Аз тарафи дигар, таҳқиқи катибаҳо ба муаррих шуҳрати ҷаҳонӣ овард ва ин равия илми таърихшиносии тоҷикро ба арсаи байналхалқӣ баровард, ки саҳми академик Аҳрор Мухторов хеле барҷаста аст. Дар ҳамин мавзӯи муҳим Аҳрор Мухторов зиёда аз 100 мақола ва китобе бо номи «Санг ҳам диле дорад» ба нашр расонид, ки саҳифаи тару тоза ва наве дар катибашиносии ҷаҳонӣ буд…

Агар ба эҷоди илмию тадқиқотии академик Аҳрор Мухторов жарфтар назар афканем, мебинем, ки хеле доманадор ва пурбор аст. Асарҳои офаридаи устод дар мамлакатҳои Шарқу Ғарб ва Америко ба табъ расидааст, ки аз сермаҳсулии эшон дарак медиҳад. Китоби тадқиқотии “Балхи асримиёнагӣ” дар Америко чоп шуда бошад, ҳамин китоб дар Афғонистони Эрон низ рӯйи нашр омадааст. Боиси ёдоварист, ки фарогирии мавзуъҳои таҳқиқотии академик Аҳрор Мухторов тамоми Осиёи Марказӣ будааст. Аз тарафи дигар, аз тарафи муаллиф омӯхта шудани таърихи ду ноҳияи бостонӣ Ӯротеппа (Истаравшан) ва Ҳисор ҷавҳари воқеии эҷоди илмии мавсуф ҳисоб меёбад. Ин ду ноҳияи басо таърихӣ имрӯз дар китобҳои таҳқиқотӣ – илмии Аҳрор Мухторов таҷассум ёфтааст. Асарҳои зиёде ба мисли “Материалҳо доир ба таърихи Ӯротеппа”, “Очерки таърихии мулкҳои Ӯротеппа”, “Гузарҳои шаҳри Ӯротеппа”, “Мирҳусайн Ҳусайни Истаравшанӣ”, “Гузарҳои Ӯротеппа”, “Таърихи Ӯротеппа. Асрҳои ХV1 – ибтидои асри ХХ”, “Ҳокимони Ӯротеппа. Асрҳои ХV – Х1Х”, “Таърихи Ӯротеппа охири асри ХV – ибтидои асри ХХ”, “Саҳифаҳои таърихии Ҳисор”, (ҳаммуаллиф), “Ҳисор. Очерки таърихӣ”, “Ҳокимони Ҳисор”, “Ҳисор. Очерки таърихӣ. қ.2” натиҷаи бозёфт, ҷустуҷӯҳои амиқи илмӣ, таҳлилҳои муқоисавӣ ва хулосаҳои мантиқию таърихии ин донишманди мумтоз будааст…

Зикр бояд кард, ки пешаи дигари фаъолияти илмию эҷодии донишманди барҷаста ин маъхазшиносӣ будааст. Устод Садриддин Айнӣ ва шарқшиноси маъруфи рус, донандаи таъриху фарҳанги тоҷик, профессор А.А.Семёнов, ки хишти асосии маъхазшиносии тоҷикро гузоштаанд, асосогузори ин равияи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Академик Аҳрор Мухторов илми маъхазшиносии тоҷикро ба дараҷаи баланди ховаршиносии Иттиҳоди Шуравӣ бардошта, минбад дар замони истиқлолияти давлатӣ онро ба зинаҳои нави таҳқиқотӣ расониданд. Доимо дар ҷустуҷӯи маъхазҳои нав худро ба ҳар мамлакату шаҳри вилоятҳо мерасониданд ва ҳамин таҷрибаи зиёд, маънавиёти бою ғанӣ, усули бозёфт ва коркарди маъхазҳо шуғли доимии ин марди фидоии миллат будааст. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки танҳо ба Ҳиндустон 9 маротиба дар солҳои гуногун сафари илмӣ кардаанд. Борҳо ба Афғонистону Эрон низ сафари корӣ доштаанд. Басо рангин аст, ки ҳар чӣ пайдо мекунанд, ба ёфта қонеъ намешаванд. Боз ҷустуҷӯ мекунанд, дар авроқи таърих миллати хешро ҷӯё мешаванд ва эҷоди рангоранги намояндагони онро дастраси ҳаммиллатон мегардонанд. Ин бозёфтҳо на танҳо хазинаи фарҳанги миллии тоҷикро ғанӣ мегардонад, балки ба олами маънавии халқҳои дигар ғизо мебахшад ва аз таъриху тамаддуни бойи миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд. Албатта, Аҳрор Мухторов пеш аз ҳама таърихшиноси мумтоз ва донишманди номвар маҳсуб меёбанд. Тақозои маъхазшиносӣ, таърихшиносӣ, сиккашиносӣ, бостоншиносӣ, тангашиносӣ, забоншиносӣ ва хатшиносӣ гувоҳи пайванди дигари ҳамин илмҳо ба адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ, забоншиносӣ ва хатшиносӣ хоси паҳлӯи дигари фаъолияти илмии устод будааст. Дар ин самт таҳқиқоти назаррасе анҷом додаанд, ки аз донишҳои энсклепедии Аҳрор Мухторов гувоҳӣ медиҳад. Асарҳои дар ин соҳа таълифнамудаи устод “Дилшод ва мақоми ӯ дар таърихи афкори ҷамъиятии халқи тоҷик. Охири асри Х1Х – аввали асри ХХ”, “Зуфархон Ҷавҳарӣ”, мақолаҳои “Як шеър аз девони Рӯдакӣ”, “Ашори тозаи устод Рӯдакӣ”, “Мероси Камоли Хуҷандӣ дар ганҷинаҳои Ҳиндустон”, “Шоираи мумтоз” (дар бораи Зебуннисо), “Омӯхтани эҷодиёти Бедил дар Тоҷикистони Шуравӣ”, “Мероси хуҷандиён аз мулки Ҳинд”, “Мероси Камоли Хуҷандӣ дар Ҳиндустон” ва ғайра гувоҳи адабиётшиносӣ ва матншиносии ӯст…

Қисми дигари фаъолияти илмии устодро мавзуи тоҷикони бурунмарзӣ ташкил медиҳад, ки дар ин самт ҳам мусанниф нақши тоҷиконро дар фарҳангу сиёст ва иқтисоду иҷтимои мамлакатҳои гуногуни Ғарбу Шарқ дар асарҳояшон маълумоти муфассал медиҳанд, ки ҳиссае аз хизматҳои шоистаи намояндагони миллати тоҷик дар кишварҳои гуногун аст. Бештар мавзӯи тоҷикон ва таърихи онҳо дар мулки Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Исроил, Америко, Афғонистон, Руссия ва мамлакатҳои араб дар асарҳои гуногуни олим ба мисли “”Асрори номаҳо”, “Шиблии Истаравшанӣ”, “Мақоми ҷаҳонии уструшаниҳо”, “Ҳисор” (ҷ. 2), “Мероси ниёгон”, мақолаҳои “Бастакорон, ҳофизон ва нависандагони асри ХV1”, “Гулчин аз китобхонаҳои Ҳиндустон”, “Ду моҳ дар китобхонаҳои Афғонистон” ва ҳоказо мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифтааст, ки боиси хушнудист.

Агар ба самтҳои таҳқиқоти академик Аҳрор Мухторов нигарем, дармеёбем, ки он кас соҳаҳои гуногуни тамаддуни моро мӯшикофона омӯхтаанду баррасиву таҳлил намудаанд. Аз ин рӯ, рӯй овардани эшон ба фарҳанги дирӯзу имрӯзи миллати тоҷик, гувоҳи эътиқоди ӯ ба мероси бою ғании миллати тоҷик будааст. Ҷузъи навиштаҳои устод Аҳрор Мухторовро публитсистика ташкил медиҳад, ки дар маҷалла ва рӯзномаҳои ҷумҳурӣ, хориҷӣ ба забонҳои гуногун ба табъ расида, масъалаҳои гуногуни таърихро фаро мегирад. Аксари маводҳои навишта шуда дар қолаби мақола ва очеркҳои сафарӣ интишор ёфтааст. Агар ба умқи навиштаҳо ворид шавем, мебинем, ки ҷавҳари онҳоро масъалаҳои бостоншиносӣ, таърихнигорӣ, мардумшиносӣ, қайдҳои сафар, фарҳанг, адабиёт, шахсиятҳои таърихӣ, адабӣ, фарҳангӣ, навозандагону ҳофизон, маданият, робитаҳои фарҳангию адабӣ чи дар давраи Шуравӣ ва чи дар замони истиқлолият ташкил медиҳад. Масалан, мақолаҳои “Абдураҳмони Ҷомӣ дар Самарқанд”, “Маълумоти нав дар бораи Дишоди асира”, “Назаре ба таърихи мадрасаи Мири араб”, “Қотилони Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ”, “Ду моҳ дар китобхонаҳои Афғонистон”, “Шаҳрҳои Афғонистон сӣ сол пеш аз ин”, “Каломи Лоҳутӣ дар Кашмир”, “Мероси Рӯдакӣ дар Бангола”, “Хотираҳои Амир Олимхон” ва ба забони русӣ “Два неизвестных архитектурных памиятника в округе Балха”, “Смейство Худоярхона”, “К истории торговой деятельности бухарских евреев в первой половине Х1Х в.”, “К истории бухарских евреев”, “К истории культурных связей Среднй Азии с Индией” ва гулчини асарҳои публитсистии устод дар китобҳои “Асрори номаҳо”, “Санг ҳам диле дорад”, “Аз паи таърихи куҳан” мураттаб шудааст. Зикр бояд кард, ки эъҷоди илмӣ, илмӣ – публитсистӣ, публитсистию бадеии академик Аҳрор Мухторов дар қолаби мақолаҳо садҳо ададро ташкил медиҳад, мо ин ҷо танҳо муште аз хирвор овардем, вагарна даҳҳо саҳифаро ташкил медод…

Хизмати академик Аҳрор Мухторов дар таҳқиқу омӯзиши мероси аллома Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шогирд ва ихлосманди ӯ басо бузург аст. Китоб ва мақолаҳои зиёде, ки дар бораи осори ӯ навишта баррасиву таҳлил намудаанд, аҳамияти баланди илмиро касб мекунад. Ҳамчунин, маҳз ба тавассути устод китоби “Тоҷикон” бо хати арабиасоси форсӣ дар Эрон бо тиражи зиёд ба хонандагон расид. Бо ҳамин хат ба забони дарӣ китоби “Тоҷикон” дар Афғонистон низ бо ҳидояту ташаббуси академик Муҳаммад Осимӣ ба табъ расид, ки муҳаррири масъули он ба зимаи Аҳрор Мухторов буд. Профессор Иброҳим Усмонов он рӯзҳоро ба хотир оварда, навишта буданд, ки “…дар Афғонистон дар байни муаллимону мутахассисони шуравӣ ва афғон касе набуд, ки онро аз русӣ ба ба дарӣ баргардонанд. Аслан дар худи Тоҷикистон ҳам чунин мутахассиси тарҷума, ки истилоҳоти ин асарро донистаю фаҳмида ва онро ба забони тоҷикӣ равон тарҷума кунад, ангуштшумор буд. Инро аз суҳбатҳо, ки олимон Аҳрор Мухторов ва Абдулқодир Маниёзов дертар доштанд, низ дарёфтан мумкин аст”. Дар Тоҷикистон китоби “Тоҷикон”-ро олимон Абдулқодир Маниёзов ва Нисор Холмуҳаммадов ба забони тоҷикӣ тарҷума карданд ва муҳаррири масъули китоб академик Аҳрор Мухторови муаррих буданд. Чопи китоб дар Эрон як воқеаи муҳими фарҳангӣ маҳсуб меёфт ва ҳаминро ба инобат гирифта, устод дар китоби худ “Аз таърихи фарҳанги Мовароуннаҳр” чунин навишта буданд: “Чопи асари Б. Ғафуров дар ин мамлакати ба мо дӯст бори дигар пайванди забон, тамаддун ва таърихи халқи тоҷикро бо мардуми эронзамин исбот мекунад” ва ин суханҳои донишманди мумтоз воқеӣ буданд. Академик Аҳрор Мухторов бо даҳҳо олимони хориҷию ватанӣ ба мисли Иржа Бечка, Ю. Додохоев, М. Занд, Б. Фрагнер, Б. Ғафуров, А. А. Семёнов, А. Беленитский, А. Н. Болдирев, Б. А. Литвинский, Ч. Давидович, И. С. Брагинский, Н. Кисляков, Б. Маршак, А. З. Розенфелд, А. Сайфуллоев ва дигарон робитаи зичи илмӣ дошта, ҳар яке аз онҳо ба осори илмии акдемик Аҳрор Мухторов ишораҳои ҷолиби диққат доранд.

Академик Аҳрор Мухторов пурмаҳсултарин муррих дар Осиёи Марказӣ буда, чи дар дохили ҷумҳурӣ ва чи дар хориҷи кишвар эътибори баланди илмӣ дошта, бо мукофотҳои зиёди давлатӣ сазовор гаштаанд. Дорандаи унвонҳои баланди илмӣ, ҷоизаҳои ватанию хориҷӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ордену медалҳои зиёд, доктори илми таърих, профессор, Ходими хизматнишондодаи илм, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) Аҳрор Мухторов ҳамчунин узви ҷамъиятҳои илмии мамлакатҳои Америко, Британияи Кабир, Италия, Эрон, Ҳиндустон, Покистон пазируфта шудааст. Пазуҳишгоҳи тарҷумаҳолии Америка дар китоби чорум, панҷуми солҳои 1994-1995 чоп шудаи маълумотномаи президентии “500 нафар олимони маъруфи ҷаҳон” номи Аҳрор Мухторовро ворид карда, бо “Дипломи байналхалқии “Шараф” (2995, №4)” қадр кардани эшон ин эътироф намудани олими тоҷик дар миқёси ҷаҳон мебошад…

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнгирии 100-солагии мавлуди академик Аҳрор Мухторов бори дигар нишон медиҳад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тақдир ва хизматҳои шистаи фарзандони фарзонаи миллат бетараф набуда, ҷашни донишманди маъруфи миллати тоҷик ҷузъи сиёсати фарҳангии Пешвои миллат будааст.

Аъзамҷон Азимов,

доктори илми филология, профессор

Нуъмонҷон Ғаффорӣ,

доктори илми таърих, профессор