Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории соҳаи маъданҳои кӯҳӣ-металлургӣ бо иштироки намояндагони ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ ва мақомоти давлатӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ, муаррифии имкониятҳои мавҷудаи Тоҷикистон дар соҳаи маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия сармоягузорони хориҷиро ҷалб намуда, роҳҳои нави ҳамкориро пайдо кунад. Форум махсус ба сармоягузорӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди металҳое равона шуда буд, ки метавонанд дар истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва технологияҳои сабзу муосир истифода шаванд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ ва дохилӣ иштирок намуданд. Дар миёни меҳмонон Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иван Павлюк, муовини Президенти шӯъбаи фурӯш ва хидматрасонӣ ва захираҳои эҳтиётӣ аз ширкати Metso, Субҳрансу Ачария, раиси Ширкати миллии саноати хурд (NSIC); ва Чжао Шэнли, директори намояндагии Shandong Gold Group дар Ӯзбекистон ҳузур доштанд. Иштироки чунин ширкатҳо ва ташкилотҳои бонуфуз нишон медиҳад, ки форум тавонистааст таваҷҷуҳи зиёди ҳамтоёни байналмилалиро ба саноати кӯҳӣ ва металлургии Тоҷикистон ҷалб намояд.
Зимни ҷаласаи форум масъалаҳои муҳими рушди соҳа ва ҳамкориҳо баррасӣ шуданд. Ҳозирон доир ба имконоти сармоягузории мустақим ва истифодаи захираҳои табиӣ бо равишҳои устувор ва экологӣ табодули назар карданд. Шералӣ Кабир дар суханронии худ қайд намуд, ки саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургӣ яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва кишвар кӯшиш мекунад бо истифодаи технологияи муосир ва коркарди самараноки манобеи табиӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкам намояд. Аз ҷумла, як масъалаи муҳим ҳифзи экология ва истифодаи оқилонаи захираҳо буд, ки ҳам барои сармоягузорон ва ҳам барои иштирокчиён муҳимияти хос дошт.
Дар натиҷаи музокирот ва гуфтушунидҳо якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳо ва кишварҳои ширкаткунанда ба имзо расиданд, ки онҳо метавонанд ба рушди минбаъдаи соҳаи маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон мусоидат намоянд. Дар ин созишномаҳо шартҳое пешбинӣ шудаанд, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологияҳои истифодаи маъданҳо дар кишвар ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард. Маврид ба зикр аст, ки шарикон нақшаҳои худро барои таҳияи якчанд лоиҳаҳои нав изҳор карданд, ки татбиқи онҳо метавонад ба пешрафти иқтисоди миллӣ мусоидат намояд.
Муҳаммад Маъруфзода,
радиои “Тоҷикистон”