Муаррифии дастовардҳои саноатии Тоҷикистон

Дар қисмати дуюми рӯз меҳмонон ва иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории соҳаи маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба Маркази “Экспо-Душанбе” ташриф оварданд, ки дар он ҷо дастовардҳо ва намунаҳои истеҳсоли саноатии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд.

Дар ин намоишгоҳ, маҳсулоти истеҳсолкардаи ширкатҳои гуногун ба маърази тамошо гузошта шуд.

Меҳмонон аз соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва истеҳсоли маводи сохтмонӣ то техникаи ҳарбӣ ва автобусҳои истеҳсоли ватанӣ дидан карданд.

Ин муаррифӣ имкони намоиши тавоноиҳои саноатии кишварро барои сармоягузорон ва шарикони хориҷӣ фароҳам овард.

Муҳаммад Маъруфзода,

радиои “Тоҷикистон”