Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Конститутсия ва рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз гардида, сипас муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода Паёми шодбошии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутарам Раҳмон Озода Эмомалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи иштирокчиён расониданд. Гуфта шуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва Роҳбари давлати тоҷикон интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо имкон фароҳам гардид, ки ба сўйи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пеш равем. Ва маҳз ҳамин роҳи давлатдорӣ бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон, имрўзу ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубро таъмин менамояд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон -асосгузори Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол” баромад карда, аз нақши Роҳбари давлат дар таҳияи Конститутсия, дар шароити душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани он, ёдовар шуд. Иброз гардид, ки маҳз иштироки мардум дар қабули Конститутсия, ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз арзиши дучанд бахшид, зеро он хости ин ё он гуруҳ не, балки тамоми халқ буд. Зариф Ализода ҳамчунин илова намуд, ки аз таҷрибаи қабули Конститутсияи Тоҷикистон миллату давлатҳои дигар истифода менамоянд.
Дигар маърўзачиён низ вобаста ба қабули Конститутсия, бо рушди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа зарурати ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба он, эҳтиром ба Конститутсия, Конститутсия-кафили сулҳу субот ва оромии ҷомеа, Конститутсия ва рушди маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва ѓайра, суханронӣ намуданд.
Мансур Шоҳиён,
радиои “Тоҷикистон”