Наврасони то 17-солаи тоҷик, баъд аз задани 33 гол дар як бозӣ муқобили мунтахаби Гуам, ин навбат муқобили мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё – 2025 миёни наврасон (U-17) – дастаи мунтахаби Сингапур (U-17) бозӣ анҷом медиҳад.
Имрӯз – 25 октябр, дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи бозиҳои даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё – 2025, дар гурӯҳи “J” бо наврасони Сингапур (U-17) дидор мекунад.
Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Бишан”-и Сингапур доир гардида, соати 17:00 (бо вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои аввали гурӯҳи “J” Тоҷикистон бар Гуам бо ҳисоби 33 бар 0 пирӯз омада, Сингапур аз Уммон бо ҳисоби 5 бар 0 шикаст хӯрда буд.
Дар даври охири марҳилаи интихобӣ, наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Уммон рақобат мекунанд. Ин дидор санаи 27 октябр доир мегардад.
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”
Акс аз саҳифаи расмии ФФТ