Имрӯз дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии шаҳри Душанбе «DUSHANBE EXPO CENTRE» Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024», ки аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, кори худро оғоз намуд.
Бояд қайд намуд, ки иштироккунандагони намоишгоҳ ширкату корхонаҳо, молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷӣ аз кишварҳои Покистон, Эрон, Русия, Беларус, Ўзбекистон, Чин, Тоҷикистон ва ғайра мебошанд. Тавре ҳамкорамон Муҷиддини Сайфиддин аз рафти баргузории он иттилоъ дод, дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» беш аз 100 ширкат иштирок доранд, ки ин аз афзоиши таваҷҷӯҳи ширкатҳои хориҷӣ ба бозори мо ва ба намоишгоҳҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешаванд, шаҳодат медиҳад.
Дар миёни ширкаткунандагон аз Эрон намояндагони ширкатҳои таҳия ва тавлиди таҷҳизоти зидди сӯхтор ва сигнализатсия, тавлидкунандагони масолеҳи сохтмонӣ, иловаҳои ғизой, косметика, доруҳои байторӣ ва воксинҳо, ғизо ва нӯшокиҳо ҳастанд.
Иштирокчиён аз Покистон: таҷҳизоти стоматологӣ, асбобҳои ҷарроҳӣ, таҷҳизоти ташхиси лабораторӣ, доруворӣ, маҳсулоти нигоҳубини пӯст ба намоиш мегузоранд. Инчунин, истеҳсолкунандагони асосии биринҷҳои Покистон навъҳои гуногуни биринҷро пешниҳод мекунанд. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус хидматҳои худро оид ба таълим, тайёр кардан ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаҳои гуногуни илм ва технология: металлургия, мошинсозӣ, сохтмон, кишоварзӣ, электроника, энергетика, маҳсулоти нармафзор, робототехника, тиб, фармасевтика, экология ва ғайра муаррифӣ менамояд.
Ширкатҳо аз Россия техникаи коркард ва истеҳсоли васлшавандаи кишоварзӣ, маснуоти пластикӣ, экстрактҳои дарахтони сўзанбарг барои истеҳсоли нӯшокиҳои шифобахш ва маҳсулоти нигоҳубини даҳонро ба намоиш мегузоранд.
Ба ҷуз аз ширкаткунандагони намоишгоҳ, бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ва ҷустуҷӯи шарикон ҳайатҳои тиҷоратӣ аз Россия, Ўзбекистон, Тайланд, Африқо ва Маҷористон ба намоишгоҳ ташриф овардаанд.
М. Пардаев