Бозигарони дастаи “Равшан” пас аз 3 бозӣ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё, тавонистанд аввалин голи худро ба самар расонанад, вале он гол ҳам ба даста имтиёз наоврад.
Рӯзи гузашта бозиҳои даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё, дар чаҳоргонаи “А” доир гардид. Дастаи “Равшан”, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа намояндагӣ мекунад, дар даври 3-юм бо дастаи “Трактор-Созӣ”-и Эрон рақобат кард. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 3 ба нафъи дастаи эронӣ ба охир расид.
Голҳои рақобатро аз ҳайати “Трактор-Созӣ” ду маротиба Амирҳусей Ҳусейнзода (26, 32) ва як маротиба Томислав Штркал (80) ҳамлагари хорватии меҳмонон ба нишон расониданд. Муаллифи ягона голи “Равшан” Давид Мавутор (90+2) нимҳимоятгари ганагии даста гардид.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин охирин рақобати хонагии дастаи “Равшан” буд. Чун дастаи “Моҳун Боган”, ки “Равшан” бо он дар Тоҷикистон бозӣ дошт аз мусобиқа ҳазф гардид.
Баъди 3 давр “Трактор-Созӣ” бо 6 имтиёз пешсафи гурӯҳи “А” буда, Ал-Вақра”-и Қатар бо 3 имтиёз дар ҷои 2-юм аст. “Равшан” бошад бе имтиёз дар ҷои 3-юм аст.
Дар даври 4-ум “Равшан” дар сафар, санаи 6-уми ноябр бо дастаи “Трактор-Созӣ” бозӣ мекунад.
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”