Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конфренсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ, таҳти унвони “Нақши Конститутсия дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа” баргузор гардид.
Дар кори он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зариф Ализода, муовини сарвазири Тоҷикистон – Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе – Дилбар Одилзода, Президенти АМИТ – Қобилҷон Хушвахтзода, намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Вазорати Адлия, Хадамоти иҷро, Суди олии иқтисодӣ, КДАМ ва ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагони маҷлиси олии ҶТ ва узви маҷлиси милии маҷлиси олии ҶТ иштирок доштанд.
Дар конфронс меҳмонони иштирокдошта ва устодони донишгоҳи мазкур дар мавзуҳои гуногун вобаста ба Конститутсия маъруза хонда, андешаи худро вобаста нақши сарқонуни ҶТ дар ҳаёти имрӯзаи кишвар баён намуданд.
Дилрабо Мансурӣ муовини сарвазири Тоҷикистон қабули Конститутсияро дасторвади бузурги замони истиқлолият номид.
“Конститутсия барои аз байн бурдани хавфе, ки ба истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар ва гузашта аз ин ба ягонагии миллат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, роҳи сулҳу суботи боэътимодро барои мардуми Тоҷикистон боз намуд. Аз ин рӯ қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳим ва бузурги миллати соҳибтамаддуни мо мебошад” – таъкид дошт муовини сарвазир.
Баъд аз суханони табрикотии меҳмонони расмӣ ва баён намудани андешаи худ вобаста ба Конститутсия, устодони факултаҳои донишгоҳ аз қабили Декани факулелти Ҳуқуқшиносӣ – Парвон Зайналобуддин, Декани факултети журналистика – Бахтиёр Қутбиддин ва дигар омузгорони ин донишгоҳ дар мавзуҳои муайян барои иштрокдорон маъруза пешкаш карданд.
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”