Дастаи “Истиқлол” баъд аз 2 бохт дар Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё, ин навбат зери роҳбарии сармураббии нав муқобили дастаи урдунӣ рақобат мекунад.
Имрӯз – 22 октябр, рақобатҳои даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё оғоз мегардад. Дар доираи вохӯриҳои даври 3-юм, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе муқобили “Ал-Веҳдат”-и Урдун бозӣ анҷом медиҳад.
Ин рақобат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардида, соати 19:00 (бо вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ду бозии қаблии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё, намояндаи Тоҷикистон – бошгоҳи “Истиқлол” ба бохт рӯ ба рӯ шуда буд.
“Истиқлол” Дар бозии аввал дар хонаи худ аз “Ал-Шарҷа”-и АМА (0-1) ва дар бозии дуюм дар сафар аз “Сипоҳон”-и Эрон (4-0) шикаст хӯрд.
Дар ду бозии аввал, ки даста ба бохт мувоҷҷеҳ гардид, сармураббии “Истиқлол” Алишер Тухтаев буд, вале баъд аз ин нокомиҳо роҳбарияти бошгоҳ дигарбора Игор Черевченкоро ба ҳайси сармураббии даста оварданд.
Фардо намояндаи дигари Тоҷикистон дар ин мусобиқа дастаи “Равшан” низ дар доираи бозиҳои даври 3-юми муқобили “Трактор-Созӣ”-и Эрон рақобат хоҳад кард.
Рустами Зоир
радиои “Тоҷикистон”