ҲАФТАИ МЎДИ ТОҶИКИСТОН

Рўзи 20 октябри соли равон фасли 13-уми Ҳафтаи мўди Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe  оғоз гардид ва ҳоло идома дорад.

Чорабинӣ бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва ташаббуси Иттиҳодияи эҷодии «TZ» дар шаклу пешниҳоди нав баргузор гардид.

Ҳафтаи муди Тоҷикистон-ягона майдонест, ки алоқамандону дўстдорон ва тарроҳони соҳаи мўдро ба ҳам меорад. Ин лоиҳаи зебоӣ аллакай 8 сол мешавад, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе доир мегардад ва дар он тарроҳони дохилию хориҷӣ, алоқамандону дўстдорон ва дигар шарикони соҳаи мўд иштирок менамоянд. Дар фасли 13-уми чорабинӣ тарроҳон аз  Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ўзбекистон, Гурҷистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд ва коллексияҳои нави худро ба шаҳри Душанбе оварданд.

Дар умум дар Ҳафтаи мўди Тоҷикистон 15 нафар тарроҳон ва брендҳои машҳур ширкат варзиданд. Бояд қайд кард, ки бештари либосҳои тарроҳони тоҷик аз матоъи шинаму зебои атлас ва адрас, ки истеҳсоли Корхонаи саноатии «Атласи Хуҷанд» мебошад,  омода карда шудааст. Дар доираи Ҳафтаи муди Тоҷикистон инчунин намоиш-фурўши либос низ дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe  идома дорад.

Хотиррасон мекунем, коллексияи муаррифигардидаи либосҳо дар Ҳафтаи муди Тоҷикистон барои фаслҳои баҳор ва тобистони соли 2025 пешбинӣ гардидааст.

Шоистаи Аҳмад

радиои “Тоҷикистон