Имрӯз дар МД “Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ва Бонки ҷаҳонӣ ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳа, роҳбари гурӯҳи корӣ аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ ва дигар намояндагони соҳаи кишоварзӣ доир гардид.
Дар кори он вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода роҷеъ ба фаъолияти лоиҳа, дастгирии деҳқонон ва пешниҳоди тухмиҳои хушсифат ба кишоварзон суханрони намуда қайд карданд, ки дар моҳҳои январ августи соли ҷорӣ беш аз 13 хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷониби лоиҳа бо техникаву тухмӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин карда шудаанд.
Муҷиддини САЙФИДДИН,
радиои “Тоҷикистон”