9 сентябр шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд, хабар медиҳад Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.
Дар сафорат иттилоъ доданд, ки ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2024, соати 07:15 (бо вақти Душанбе) / 8 сентябр, соати 22:15 (бо вақти Ню-Йорк) фурӯзон хоҳад шуд.
Чорабинии ҷолиб ба муносибати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мустақим дар сомонаи зерин пахш мегардад: https://www.earthcam.com/canada/niagarafalls/…
ва ё https://www.earthcam.com/world/canada/niagarafalls/thefalls/?cam=niagarafalls2