ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсия

Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!

Солгарди навбатии ҷашни таъсисёбии мақомоти милитсяи тоҷик дар замоне таҷлил мегардад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бисту нуҳ сол инҷониб дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон ба сӯи рушду тараққиёт бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар ин давра бо кӯшишҳои пайвастаи ҳамаи аркони давлатдорӣ, аз ҷумла дар натиҷаи фаъолияти содиқонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқҳаёти мардуми кишвар дар фазои орому осоишта ва суботи комили сиёсӣидома дорад.

Дар ин лаҳзаҳо бо камоли ифтихор ҳамаи шумо – кормандон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилиро барои саҳми бисёр арзишмандатон дар роҳи эъмори ҷомеаи демократву ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрикмегӯям.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфузи ҳифзи қонунияту тартибот, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Қобили зикри махсус аст, ки кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яъне волоияти қонун аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои таррористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштаанд.

Вақте ба таърихи гузаштаи милитсияи тоҷик назар мекунем, саҳифаҳои пур аз корнамоиву ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва содиқ ба миллати куҳанбунёду соҳибфарҳангамонро мебинем.

Ҳисси ватандӯстӣ ва садоқату самимият ба уҳдадориҳои хизматӣ дар замири фарзандони бонангу номуси ин мақомот дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣҳадафу ниятҳои нопоки душманон ва мақсадҳои ғаразноки онҳоро барбод дод.

Дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон ва мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша беш аз 2000 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣҷони худро аз даст доданд, кимо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем.

Дар рӯзи ҷашни касбии кормандони милитсия бори дигар миннатдории худро барои заҳмату талошҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, кибо ҳисси баланди ватанхоҳӣ ва ифтихори миллӣ ба хотириҳимояи манфиатҳои давлат, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва иҷрои ҳатмии амру фармонҳои Роҳбари давлат фаъолият мекунанд, изҳор медорам.

Эътимоди комил дорам, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун содиқоназаҳмат мекашанд ва ба халқу Ватан бошарафона хизмат мекунанд.

Бори дигар ҷашни касбиро ба тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, хонаи обод ва дар кору фаъолияти масъулиятнокашон барору муваффақият орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни назму тартибот ва фарзандони содиқи Ватан!

 

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                     Эмомалӣ Раҳмон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *