Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода 6 ноябр Ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид (UNRC) хонум Сезин Синаноғлу ва Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (UN FAO) Олег Гучгелдиевро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва муассисаҳои махсусгардонишудаи СММ-ро баррасӣ карданд. Инчунин ба таҳким ва афзоиши самаранокии ҳамкории Тоҷикистон ва СММ бо мақсади ноил шудан ба пешрафти рушди иҷтимоию иқтисодӣ ибрози рағбат карданд.
Диққати махсус ба татбиқи лоиҳаҳои UN FAO дар самти кишоварзӣ, таҳкими зерсохтори истеҳсолоти кишоварзӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ дода шуд.
Инчунин ҷонибҳо аҳамияти талошҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои башардӯстонаро дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19 таъкид карданд.