Дар ин матлаб хулосаи муҳимтарин матолиби хабарӣ ва таҳлилии рӯзномаву ҳафтаномаҳои дохили кишвар пешниҳод мегардад.
Таъсиси ҳайати нави Ҳукумати ҶТ, солгарди қабули Конститутсия Тоҷикистон, андозбандии хизматрасониҳои электронӣ дар кишвар ва афзоиши қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ аз мавзуҳои меҳварии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ҳастанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 5 ноябр дар сармақолаи худ бо номи “Вақте мард савганд мехурад…” навиштааст, ки дар ҳама давру замон нақши ҷомеасозиро шахсиятҳое бозидаанд, ки дар лаҳзаҳои вазнину сарнавиштсоз тақдири давлату миллати хешро бар дӯши худ гирифта, ононро ба масири ободиву созандагӣ баргардондаанд ва ҳамин гуна хидматро барои миллати тоҷик дар даврони пасошӯравӣ Эмомалӣ Раҳмон анҷом додаанд.
Муаллиф дар идома таъкид кардааст, ки ин гуна шахсиятҳо қобилият ва сифотеро дороанд, ки дар муваффақ будани онҳо ҳамин сифатҳо метавонанд нақши калидӣ дошта бошанд.
Ба гуфтаи муаллиф дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон қобилияту сифатҳои зиёде вуҷуд доранд, аммо умдатарин ва бунёдитарини онҳо фаросат, ҷасорат, устуворӣ ва мардумият ба ҳисоб мераванд, ки дар тамоми даврони фаъолияти ин бузургмарди миллӣ ифода гардидаанд.
“Садои Мардум” нашрияи Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар шумораи рӯзи 6 ноябр дар робита ба солгарди қабули Конститутсияи кишвар бо Зариф Ализода ёрдамчи президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва намояндаи ваколатдори Президенти Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон суҳбате анҷом додааст.
Зариф Ализода дар суҳбат таъкид кардааст, ки яке аз нақшҳои Конститутсия дар он аст, ки бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардум сулҳ овард, сулҳ ба он маъно, ки роҳи оянда муайян шуд.
Ба гуфтаи вай аксарият қувваҳои сиёсие, ки дар ҷумҳурӣ буданд, фаҳмиданд, ки Тоҷикистон ояндаро чӣ гуна дидан мехоҳад ва дар натиҷа давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд соҳибихтиёр ва муосиру мутамаддин сохтем.
Ҳамзамон Зариф Ализода афзудааст, ки мардуми кишвар бояд мақсадҳои бунёдиеро, ки дар Конститутсия зикр шудаанд, бидонанд. Яъне, донистан ва дарки он ки Тоҷикистон давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ аст, барои аъзои ҷомеа ҳатмӣ мебошад.
Нашрияи “ИмрӯзNews” дар матлабе бо номи “Андоз барои интернет” тағийрот ба кодекси андозро вобаста ба андозбандии хизматрасониҳои электронӣ дар ҶТ, шарҳ додааст. Тибқи ин тағирот ширкатҳои хориҷие, ки хизматрасониҳои электрониро дар ҳудуди Тоҷикистон анҷом медиҳанд, вазифадоранд дар мақомоти андоз сабти ном шуда, андоз супоранд.
Ба ин хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла фурӯши барнома ва бозиҳои компютерӣ, реклама, нигаҳдории захираҳои электронии сомонаҳо, додани ҳуқуқи истифодаи китобҳои электронӣ, асарҳои мусиқӣ, маводҳои савтӣ ва видеоӣ ва назири ин хизматрасониҳо шомил карда шудаанд. Барои анҷоми ин амалиётҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ширкатҳои хориҷӣ бояд андоз аз арзиши иловашударо, ки 18 % аст, пардохт кунанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” низ ба мавзуи ширкатҳои интернетӣ таваҷҷуҳ карда, мақолаи муфассале дар ин замина бо номи “Андозбандии Гугл” чоп намуда, тамоми паҳлулҳои ин масъаларо баррасӣ кардааст. Ба навишати муаллиф аввалин кишвар дар фазои пасошуравӣ, ки соли 2017 андозбандии хизматрасониҳои электрониро ҷорӣ кард, Русия аст.
Хадамоти андози Русия иттилоъ додааст, ки дар давоми се сол ширкатҳои интернетӣ барои хизматрасониҳои электронӣ ба буҷаи ин кишвар беш аз 1 миллард доллар пардохт кардаанд. Дар Белорусия қонуни мушобеҳ дар соли 2018, дар Ӯзбекистон дар аввали соли 2020 мавриди амал қарор гирифта, дар Қазоқистон бошад андозбандии хизматрасониҳои электронӣ сар аз соли 2021 иҷроӣ мешавад.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре, аз бурида шудани ҷангалзорҳои атрофи Инскандаркул изҳори нигаронӣ кардааст. Барои тайиди ин гуфтаҳо, ҳафтанома чандин акс аз дарахтони буридашуда дар мавзеи дараи Арг нашр кардааст.
Дар ҳамин ҳол масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист гуфтаанд, ки дар пайи санҷиш нақзи муқарароти поккории дарахтзор аз сӯи кормандони хоҷагии ҷангал ошкор шуд, ва гунаҳкорон ҳатман муҷозот мешаванд. Ба навишати муаллиф баъди он ки дар дараи Арг роҳи мошингард сохта шуд, хатари аз байн рафтани ҷангалзорҳо дар ин мавзеъ зиёд шудааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар матлабе бо номи “Қурби доллар якбора боло рафт. Чаро?” , навиштааст, ки рӯзи 4 ноябр БМТ арзиши 1 доллари амрикоиро 11 сомониву 30 дирам муқаррар кард. Дар ҳоле ки як рӯз пеш он 10 сомониву 34 дирам буд.
Нашрия аз қавли БМТ навиштааст, ки яке аз сабабҳои ин ҳолат зиёд шудани талабот ба доллар дар кишвар, идомаи тавозуни манфӣ дар тиҷорати хориҷӣ ва коҳиши интиқолоти пулӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ ба кишвар дониста мешавад.
Ҳамзмамон БМТ гуфтааст, ки афзоиши қурби доллар ба афзоиши ҳамҷи интиқолоти пулӣ тариқи низоми бонкӣ, беҳтар шудани рақобатпазирии моли тавлидкунандагони дохилӣ ва афзоиши содироту воридот мусоидат карда, дар ниҳоят боиси зиёд шудани даромадҳои буҷаи давлатӣ мешавад.
Нашрия дар ин матлаб афзудааст, ки дар даҳ моҳи соли ҷорӣ қурби сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ 6,7% коҳиш ёфтааст, ки ин нишондод нисбат ба давраи мушобеҳи соли гузашта 3,9 банди фоизӣ зиёд аст.
Ҳафтаномаи “СССР” дар равзанаи сардабир мақолае бо номи “Макрон ва Ислом” чоп карда, бо ишора ба ҳаводиси ахир дар Фаронса навиштааст, ки мусалмонон набояд ба иғво дода шаванд, зеро Макрон дар ин қазия думболи ҳадафҳои сиёсиаш аст.
Ба навишати муаллиф он коре, ки маҷалаи “Шарли Эбдо” дар ҳаққи пайраовни ислом мекунад, рабте ба озодии баён надорад, зеро ягон, факт, далел, озоди демократия, популизм ба журналистика иҷозат намедиҳад, ки ҷони мардумро ба хатар гузорад.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар матлаби таҳлилие навиштааст, ки қонун “Дар бораи чарогоҳ” ба ислоҳот ниёз дорад. Муаллиф дар ин мақола пешниҳод кардааст, ки аз ҷумла бояд низоми сертификаткунонии чарогоҳҳо барҳам дода шуда, муносибатҳо дар ин замина бояд мустақим миёни мақомоти маҳалӣ дар ноҳияҳо тибқи қарордоди иҷора вобаста ба саршумори чорво ва ба замони муаян баста шавад.
Ба навиштаи муаллиф дар ин сурат мақомоти маҳалӣ бо дарёфти маблағҳои иҷора имкон пайдо мекунанд, ки барои беҳтар кардани шароити чарогоҳҳо чораандешӣ кунанд.
Нашрияи “Фараж” дар матлаби дигаре аз мушкилоти иҷораи манзил барои донишҷуён дар пойтахт изҳори нигарони карда, навиштааст, ки дар пештари эълонҳо таъкид мешавад, ки донишҷ уён занг назананд.
Ҳамзамон муаллиф таъкид кардааст, ки дар солҳои охир дар баробари додани авлавият ва иҷорагирнадагони оиладор, инчунин аксари соҳибхонаҳо бештар моиланд барои иҷоранишинӣ танҳо духатронро қабул кунанд.
Ба гуфтаи муаллиф дар фарҳанги мардуми тоҷик зистани духтар бо мардуми бегон дар як хона ҷоиз нест ва аз ин рӯ масъулини донишкадаву донишгоҳҳоро зарур аст сари масъалаи таъмини донишҷудухтарон бо хобгоҳ, чораандешӣ кунанд.
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ
радиои “Тоҷикистон”