Шоми дирӯз дар Муассисаи давлатии «Аҳорун» ба ифтихори ҷоизадорони Бозиҳои олимпии тобистонаи Париж-2024 барномаи бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони расмӣ, ҷоизадорону дигар варзишгарони кишвар ва сокинони шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Чорабинӣ бо мақсади рушди бештари соҳаи варзиш ва корнамоиҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 доир шуд.
Дар оғози чорабинӣ Зулфиқор Гулаҳмадзода раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз намуд, ки дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Париж-2024 14 варзишгари кишвари мо иштирок намуда, се нафари онҳо аз ҷумла Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев бо гирифтани медали биринҷӣ парчами кишварамонро дар миёни 205 кишвари ҷаҳон баланд бардошта, номи давлатамонро дар қатори давлатҳои дорои медали Бозиҳои олимпӣ сабт намуданд
Дар идома Дилбар Одилзода муовини Раиси шаҳри Душанбе баромад карда, қайд намуд, ки варзиш яке аз воситаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон ва беҳтарин воситаи муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ иборат аз суруду рақсҳои мавзун доир гардид. Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳар як ҷоизадори бозиҳои олимпии Париж соҳиби мукофоти давлатӣ – Ордени Шараф дараҷаи II, 200 ҳазор сомонӣ – Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонаи истиқоматӣ ва мошини муосири барқӣ гардид. Гуфта шуд, ки имрӯз дар тарабхонаи “Яккачинор” Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж – 2024-ро бо мукофоти пулӣ маблағи 10 000 доллари ИМА ҳавасманд менамояд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”