Тибқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ дар давраи нимсолаи соли 2024 ба кишвар 748,3 шаҳрванди хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин нишондод 580,5 ҳазор нафарашон ҳамчун сайёҳ ворид гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,1 фоиз зиёд мебошад.
Ин нуқтаро раиси Кумитаи рушди сайёҳи назди ҲҶТ Камолиддин Муъминзод зимни нишасти хабарии Кумитаи мазкур хабар дода, гуфт, дар даври ҳисоботӣ шумораи шаҳрвандоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои ИМД ворид шуданд 687,8 ҳазор нафар, аз он 530,6 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ ва аз давлатҳои хориҷӣ дур 60,5 ҳазор нафар, аз он 49, 9 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли 2024 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 214 ширкати сайёҳи дар асоси иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии Кумита фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин миқдор дар ВМКБ 41 адад, дар шаҳри Душанбе 101 адад, дар вилояти Суғд 46 адад, дар вилояти Хатлон 17 адад ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 9 адад рост меояд.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои “Тоҷикистон”