Азим Иброҳим Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки моҳҳои наздик дар хиёбони Неъмат Қарабоев назди Сирки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони роҳи чандқабата шурӯъ мегардад. Ба таъкиди ӯ лоиҳаи роҳ аллакай омода аст ва он бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд сохта мешавад. Ҳамчунин сохтани роҳҳои чандқабата дар кӯчаи А. Қаҳҳорови пойтахт ба нақша гирифта шудааст, гуфт Азим Иброҳим Вазири нақлиёт.
Дар идомаи нишаст Азим Иброҳим гуфт, ки имсол хисорот аз офатҳои табиӣ ба соҳаи роҳу нақлиёт 37,2 миллион сомониро ташкил додааст. Ба таъкиди ӯ ҳоло ба ин шумора хисороти охири ноҳияҳои Лахш, Нурубод ва Сангвор ворид карда нашудааст.
Дар мавриди сохтани метро дар шаҳри Душанбе, Азим Иброҳим Вазири нақлиёти кишвар гуфт, ки барои марҳилаи дуюми сохтмони метро субҳи ҳамин рӯз Ёддошти тафоҳум ба имзо расида, ба ҷониби сармоягузор, яъне Кореяи Ҷанубӣ мефиристем. Ба таъкиди Вазир сохтмони метро се марҳиларо дар бар мегирад ва мо дар марҳилаи якум масъалаи дар Душанбе имкони сохтмони метро ҳаст ё не мавриди таҳқиқ қарор дода, ба хулосае омадем, ки он имкон дорад. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки дар ин лоиҳа мутахассисони ду ҷониб ҷалб гардида, корҳо дар ин самт рафта истодаанд.
Сарвинози Саидалӣ
радиои “Тоҷикистон”