УЗВИЯТИ ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ БА CANSO

Шомилшавӣ ба Ташкилоти хизматрасониҳои аэронавигатсионии граждании ҷаҳонӣ (CANSO) барои васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ифтитоҳи долонҳои нав, таҷдиди система ва технологияҳои аэронавигатсионӣ имкони хубест ва маҳз ин ҳамаро ба назар гирифта,  КВД  “Тоҷикаэронавигатсия” узви ин созмони байналмиллалӣ гардид, – таъкид намуд директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода.

Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кўлоб дар давоми нимсолаи аввали соли 2024 ба 33 ҳазору 379 ҳавопаймо хизмат расонида аст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 8 133 адад ё ин ки 32 фоиз зиёд  мебошад. Дар ин давра шумораи парвозҳои транзитӣ ба 22 038 адад расид, ки дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли гузашта ба миқдори 9 119 адад, ё ин ки 70,5 фоиз зиёд аст.

 Ҳамчунин, дар ин муддат КВД “Тоҷикаэронавигатсия” узви Ташкилоти хизматрасониҳои аэронавигатсионии гражданӣ (CANSO) гардид, ки ин дастовард  дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ, малака ва таҷриба бо корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии пешрафтаи ҷаҳон, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ифтитоҳи долонҳои нав, таҷдиди система ва технологияҳои аэронавигатсионӣ нақши муҳим мебозад.

Директори минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии ICAO Николас Ралло ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард ва дар доираи ин сафар аз раванди таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба фаъолияти корхона шинос гардида, баҳои баланд дод.

Шомил гардидани Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ба сафи аъзои SOCEA, саҳми корхонаро дар таъмини бехатари парвозҳо дар минтақаҳои Аврупо ва Осиё васеъ менамояд.

Ш. Аҳмад