Рӯзҳои 9-10 июл муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои минтақаи Рашт бо истифода аз қувваи корӣ ва 7 техникаи махсуси муҳандисӣ зиёда аз 200 метр қисмати дар натиҷаи омадани сел вайроншудаи роҳи автомобилгарди «Душанбе – Ваҳдат –Рашт – Лахш»-ро бо паҳноии 4 – 4,5 метр аз нав барқарор намуданд. Дар ин бора Вазорати нақлиёт хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 2 июл дар километри 250-уми роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии «Душанбе – Ваҳдат –Рашт –Лахш», дар ҳудуди маҳаллаи «Ҳавзак» аз сабаби гармии ҳаво сатҳи оби дарёчаи «Сугак» баланд шуда, як қисми ҷараёни дарёи «Сурхоб»-ро баст.
Ҳамчунин офати табиӣ қитъаи роҳи мошингарди «Лаби Ҷар – Сангвор» ро хароб сохта, як пули 24 метраро корношоям гардонид. Дар километрҳои 5, 14, 26, 47 роҳ муваққатан баста шуда буд.
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фаврӣ қувваи корӣ ва техникаи вазнини махсусро ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ сафарбар намуданд. Худи ҳамон рӯз дар километрҳои 5, 14, 26 роҳ аз селовардҳо тоза карда, дар баъзе қисматҳо роҳи таворавӣ сохта шуд.
Мавриди зикр аст, ки имсол боришоти пай дар пай, омадани сел ва фаромадани ярч ба соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон хисороти зиёд ворид кард. Бар асари офатҳои табиӣ, мувофиқи маълумоти пешакии мутахассисон, дар маҷмуъ ба 133 километр роҳҳои автомобилгард ба маблағи 19 407,3 ҳазор сомонӣ, 15 адад пул бо дарозии 544 метр ба маблағи 17 664,17 ҳазор сомонӣ ва 7 адад қубур бо дарозии 82 метр ба маблағи 37,5 миллион сомонӣ осеб расид.
Айни замон коргарон ва мутахассисони ин муассисаҳо машғули бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ мебошанд ва рӯзҳои наздик қисматҳои боқимондаи роҳҳои дар натиҷаи борону сел ва обхезию ярч валангоршударо дар саросари мамлакат муваққатан барқарор мекунанд ва ҳаракати воситаҳои нақлиётро ба роҳ мемонанд. Барои барқарорсозии роҳҳои автомобилгард беш аз 30 адад техникаву механизмҳои вазнини муҳандисӣ сарфарбар гардидаанд.
Бино ба ақидаи ҳавошиносон, тағйирёбии иқлими сайёра бевосита ба муҳит, табиат ва обу ҳавои Тоҷикистон таъсири худро мерасонад. Гармии тоқатфарсои тобистон, ки ҳоло ҳозир дар баъзе минтақаҳои кишварамон ба 42-45 дараҷа мерасад, дар муддати моҳҳои май-июл боиси боронҳои пуршиддат, обшавии пиряхҳо, баландшавии сатҳи оби дарёву наҳрҳо, фаромадани ярч ва омадани сел гардид.
Умуман, таи 13 моҳи охир дар сайёра ҳарорати баландтарини ҳаво ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора гузориши Хадамоти иқлими Аврупо Copernicus, ки чанде қабл расонаӣ шуд, гувоҳӣ медиҳад. Дар гузориш омадааст, ки моҳи июни соли 2024 ҳаво дар саросари ҷаҳон ба таври ғайримуқаррарӣ гарм буд.
«Ин як огоҳии ҷиддӣ аст, ки мо ба ҳадди муқаррарнамудаи Созишномаи Париж наздик мешавем. Ҳарорати ҳаво афзоиш меёбад, бо суръати тез», – гуфт Николя Жюлйен, донишманди соҳаи иқлими Copernicus дар мусоҳиба бо Euronews.
Созишномаи Париж(фр. Accord de Paris), ки соли 2015 қабул шуда, 196 кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он мебошанд (Тоҷикистон 22 апрели соли 2016 дар қароргоҳи СММ созишномаро имзо кард ва Маҷлиси Олии ҶТ онро 13 феврали соли 2017 тасдиқ намуд) – ин шартномаи байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим мебошад. Тибқи ин санад, кишварҳо бояд кӯшиш кунанд, ки ҳарорати миёнаи сайёраи Замин аз 1,5 дараҷа зиёд нашавад.
Яке аз ҳадафҳои асосии ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба об мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошад. Ин мавзӯъ масъалаи калидӣ дар конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланди тоид ба масоили об буд, ки солҳои 2018 ва 2022 дар Душанбе баргузор гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 Ассамблеяи Генералии СММ қатъномаи махсус қабул кард, ки тибқи он соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудааст. Дуюм, аз соли 2025 ва баъд аз он, санаи 21 март ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, тибқи ин қатънома, СММ бо ҳамоҳангсозии Дабири кулли созмон Хазинаи эътимодноки ҳифзи пиряхҳоро таъсис медиҳад. Ва, ниҳоят, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.