Чанде пеш дар доираи корбарони бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук атрофи фаъолияти соҳибкорӣ ва роҳҳои рушди он дар кишвар муҳокима сурат пазируфт. Тавре, Муҳаммадҷон Обидов, яке аз фаъолони иҷтимоӣ нигоштааст: Асоси иқтисодиëти кишвар соҳибкорист! Барои насли наврас ва оянда чӣ тадбир андешида шавад, ки ҷуръати соҳибкорӣ дошта бошанд? Маҳз дар қисмати шарҳи ин матлаб андеша ва тавсияҳои корбарон дар робита ба рушди фаъолияти тиҷоратӣ ба таври васеъ пешниҳод гардид.
Ибтидо як истифодабаранда навиштааст: Аз мактабҳои миёна сар карда бояд фанни соҳибкорӣ ба толибилмон омўзонида шавад.
Зимнан, корбари дигар арз доштааст: Қонунгузорӣ бояд ислоҳ шавад, ки мардум фоида бинанд! Он вақт ҳамааш хуб мешавад. Хурду бузург метавонанд бо боварӣ ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул шаванд. Бояд гуфт, сабаби фасод ва рушд наёфтани соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ин системаи андоз аст.
Дар тақвияти ин андешаҳо, Муслиҳиддин Одинаев иброз доштааст: Агар волоияти қонун ба таври мукаммал таъмин гардад, ҳама чиз хуб мешавад.
Салоҳиддин Айюбӣ, яке аз мубоҳисон чунин тавсияҳоро ироа доштааст, ки ба бовари ў амалӣ гардидани он ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ метавонад таъсири хуб гузорад:
- Сабукиҳо барои соҳибкорони хурду миёна фароҳам оварда шавад;
- Рақобати озод ба вуҷуд ояд то сифати маҳсулот беҳтару нархаш арзонтар шавад. Ба як нукта, монополия аз байн бурда шавад.
Мирзошариф Абдусаломов бо нигаронӣ навиштааст: Ҷилави ташкилотҳо ва ширкатҳои ба ном тиҷоратие, ки ҳазорҳо ҷавонро дар дохили ҷумҳурӣ бо баҳонаи тиҷорат ҷалб мекунанд, гирифта шаванд. Шумо як бор андеша кунед, як ҷавон, масалан як маротиба фиреби ҳамин ширкатҳоро мехўраду маблағашро, ки 2- 3 ҳазор доллар ё шояд бештар аз он аст, месупораду дигар гирифта наметавонад ва “тиҷорат” ҳам карда наметавонад, дигар аз куҷо ҷуръат пайдо мекунад.
Ҳомид Хостихудоев дар робита ба мавзўи мавриди баҳс чунин гуфтааст: Нафакат соҳибкорӣ, балки тамоми намуди пеша хуб дониста мешавад ва нафърасони мардум аст, агар дар рушду ривоҷи он мутахассисон сидқан кор кунанд. Имрўз омўзгоронро зарур аст, ки мутахассисони хуб тарбия намоянд, дар акси ҳол проблемаи дилхоҳ соҳа бештар мегардаду камтар не!
Аммо хилофи назари ин муаллиф, Салоҳиддин Айюбӣ иброз намудааст: Агар сад доно ҳам бошӣ ва барои соҳибкор будан таваллуд шуда бошӣ ҳам, шароити хуб барои ин навъи фаъолият фароҳам набошад, муваффақ шудан ғайриимкон аст.
Абдулло Ятимов, як истифодабаранда дар интиҳои баҳси мазкур арз доштааст: Насле ки дар давраи Иттиҳоди Шўравӣ хондаанд, имрўз Тоҷикистонро пеш бурда истодаанд. Баъд аз 10 сол, ки насли Иттиҳоди Шўравӣ пир мешаванду насли давраи Истиқлол меоянд, чӣ мешавад? Агар гапи ман хато бошад, як ба тарзи гуфтори ҷавонони имрўза диққат диҳед, аз 100 нафар шояд 10 нафарашон саводи кофӣ дораду халос!
Дилшоди Муҳаммад
радиои “Тоҷикистон”