Дар ҳоле, ки имрўзҳо толибилмони муассисаҳои гуногуни таълимӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба хотири муҳофизат аз бемории ҳамагири COVID-19 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, тибқи иттилои Ризо Баҳромзод, яке аз фаъолони иҷтимоӣ, ки дар саҳифаи фейсбукии худ нашр кардааст, як зумра аз қавми лўлиҳо кўдаконашонро дар ҳавои гарму сард ба амали талбандагӣ ҷалб намуда, барои пулкоркунӣ, Қонуни “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро вайрон мекунанд. «Чаро инҳо ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд?» – суол гузоштааст ин муаллиф.
Дар тақвияти ин гуфтаҳо, Рухсора Нурова иброз доштааст: Сарфи назар аз ин, дар чорроҳаҳо, ки макони рафтуомади воситаҳои нақлиёт ба ҳисоб меравад, амдан кўдаконашонро вогузоштаанд, ки ба талбандагӣ машғул шаванд. Борҳо шоҳид шудаам, ки инҳо сабабгори садамаҳои нақлиётӣ гардида, ҷони худу ронандагонро дар хатар гузоштаанд. Фарзи мисол, агар баъди кор ягон тарабхона ё боғҳои истироҳатӣ рафтан хоҳӣ, аз дасти ин лўлиҳо роҳи халосӣ намеёбӣ. Ба яктоаш як сомонӣ медиҳӣ, ки дигараш медавад. Ҳамин тавр, бо табъи хира ба хона бармегардӣ.
«Агар падару модари инҳо аз уҳдаи иҷрои масъулиятҳои худ баромада наметавонанд, – гуфтааст Мубориз Холов, – бигзор давлат кўдаконро иҷборан ба тарбияи худ бигирад. Дар бисёре аз кишварҳои пешрафта ҳамин корро мекунанд»
Дар робита ба мавзўи мавриди баҳс, Аҳмад Султонзода қайд кардааст: Бисёр масъалаи доғи рўз! Хуб мешуд, агар масъулон болои ин масъала диққати ҷиддӣ медоданд. Ин муаллиф шарҳ додааст: Масалан, кўдаконро дар аробачаи маъюбӣ соатҳои дароз зери офтоби сўзон ва дар роҳи мошингард нигоҳ медоранд. Шояд ба онҳо ягон дору ё маводи мадҳушкунанда медиҳанд, ки соатҳо хоб мераванд!?
Як корбар дар ҷараёни баҳс навиштааст: Бисёре аз ин лўлиҳои талбанда дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гирду атрофи худро пур аз коғазу пучоқи офтобпараст мекунанд. Худоро шукр, замони сериву пурист! Чаро кўдакони инҳо ба мактаб намераванд? Чаро ҷавонписарони ин қавм, ки зимнан шаҳрвандони ҳамин кишваранд, баҳри хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб намегарданд? Масъулин бояд ҷилави инҳоро кашанд, ки дигар дар бозор, роҳрав, беморхона ва гулгашту истироҳатгоҳҳо асаби мардумро вайрон накунанд! Хуб мешуд, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин масъала диққати ҷиддӣ медоданд.
Як истифодабаранда бо исми мустаори Фарзанди Озодӣ хитоб ба муаллифи матлаби мавриди баҳс гуфтааст: Бо шумо ҳамфикрам! Мо қонун дорем «Дар барои ҳифзи кӯдак», инчунин, «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» Дар ҳолати риоя нашудани масъулияти падару модар давлат вазифадор аст, ки ҳаққи падару модариро аз волидайн бардорад ва кӯдакон зери ҳимоя ва парастории давлат қарор бигиранд.
Раҳмиддин Холов, яке аз мубоҳисон иброз доштааст: Хайр кардан кори бад нест, аммо ин амал шарту шароити мушаххас дорад. Як рўз ба хотири харид кардан ба бозори Корвон рафтам, бовар кунед, ба яктоаш як сомонӣ додам, дигараш омад, ба ў ҳам ноилоҷ як тангаи дигар додам, поёнтар рафтем, як ҷугии дигар аз дастам дошта, маҷбур кард, ки хайр кунам. Сахт асабӣ шуда, гуфтам, рўз медиҳед, ки харид кунам!?
Мақсад аз ин гуфтаҳо миннат кардан нест, лекин як тартибу низом бояд бошад, ку! Маҳмонони хориҷӣ нисбат ба ҷомеаи мо чӣ фикр мекунанд? Агар чароғаки роҳ сурх шуду мошин таваққуф кард, зуд давида байни роҳ мебароянд. Рафту ягон нафараш зери чархи мошин монад, боз ронандаро гунахгор мебароранд.
Пўлодзода, яке аз иштирокдорон дар хотимаи баҳси мазкур хитобан ба кормандони ВКД ҶТ навиштааст: Илтимос, баҳри бартараф намудани ин масъала ягон чора андешед! Имрўз мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем! То кай ин ҷўгиҳо одати талбандагии худро давом медиҳанд?
Дилшоди Муҳаммад, масъули
бахши “Афкор”-и барномаи “Бозтоб”