Имрӯз дар факултети журналистикаи ДМТ бахшида ба 85-солагии профессор Камолиддин Баҳриддинов Конференсияи байналмиллалии илмию амалӣ таҳти унвони «Медиалингвистика ва услубшиносӣ: проблема ва дурнамо» баргузор гардид. Дар Конференсияи мазкур устодони ДМТ, меҳмонон тариқи онлайн аз Ҷумҳуррии Узбекистон ва шогирдони Баҳриддин Камолиддинов доир ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ баромад намуда иброз доштанд, ки устод 60 соли умри хешро сарфи таълиму тарбия намудааст.
Аз устод Камолиддинов китоб китоб ва мақолаҳои илмии зиёде доир ба имлои забони тоҷикӣ дастраси хонандагон гардидааст, ки имрӯз он китоби рӯи мизии донишҷӯён мебошад. Инчунин бо ташаббуси фарзандони устод Б. Камолиддинов синфхонае бо номи «Камоли сухан» таъсис дода шудааст, ки маҷмуи китобҳои навиштаи профессор Баҳриддин Камолиддинов ва китобҳои истифоданамудаи ӯ барои мутолиаи насли наврас ҷамъоварӣ гардидааст.
Гулрӯ Ниёзова
Радиои «Тоҷикистон»