14 июни соли 2024 дар шаҳри Ҳайлигенблути Австрия Анҷумани “Антропосене”, ки ба масъалаҳои муҳити зист ва тағйирёбии иқлим бахшида шуда буд, баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Австрия Идибек Қаландар ба ҳозирин роҷеъ ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об, ба вежа Раванди оби Душанбе ва натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июни 2024 дар Душанбе барпо гардид, гузориши муфассал ироа кард.
Дар рафти кори анҷуман инчунин мутахассисон ва олимони соҳаи муҳити зист дар мавзуъҳои мубрами ҷаҳонии тағйирёбии иқлим мубодилаи афкор намуда, сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ роҷеъ ба ибтикорот ва дастовардҳои кишварҳояшон дар соҳаҳои марбут ба муҳити зист, тағйирёбии иқлим, мудирияти захираҳои об ва мушкилоту чолишҳо дар ин раванд суханронӣ карданд.