Бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид шуруъ аз соли 1994 инҷониб ҳамасола 17-уми июн ҳамчун рӯзи ҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ таҷлил мегардад. Тибқи гузориши нави СММ давоми чанд соли охир дар натиҷаи гармии ғайримуқарарии ҳаво ва хушксолӣ ҳосилнокии заминҳои корам коҳиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки тақрибан 40% тамоми захираҳои замин дар ҷаҳон дар ҳоли таназулёбӣ қарор дорад, ки раванд боиси бад шудани ҳолати физикӣ, биологӣ ва химиявии хок мегардад. Тибқи иттилои расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ имрӯз як қатор кишварҳо аз ҷумла Мексика, Аргетина, Испания, Ҳиндустон аз гармии ғайримуқарарии ҳаво ва хушксолии шадид азият мекашанд.
Бояд гуфт, ки хушксолии шадид боиси коҳиш ёфтани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши ҳашароти зараррасон гардидааст. Коршиносон бар он назаранд, ки дар пайи хушксолӣ ва афзоиши ҳашароти зарарасон истеҳсоли ғалладона 10 миллион тонна коҳиш меёбад.