Ҳамасола 5 июн дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои тақвими экологӣ маҳсуб мешавад. 15 декабри соли 1972 Ассамблеяи Генералӣ 5 июнро Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист эълон кард, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи зарурати ҳифз ва беҳтар намудани муҳити зист мебошад.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи масъалаҳои экологӣ мусоидат мекунад ва зарурати таъҷилии тағир додани муносибати одамонро ба захираҳои табиӣ таъкид мекунад. Мавзӯи имсолаи ин рӯз “Барқарорсозии замин, мубориза бо биёбоншавӣ ва устувории хушксолӣ” мебошад.
Тағйирёбии иқлим, аз байн рафтани гуногунии биологӣ ва ифлосшавии афзоянда – ин равандҳо на танҳо дар як вақт ба амал меоянд, балки ҳамдигарро мустаҳкам ва пурра мекунанд. Ва ҳамаи онхо бо таназзули замин алоқаи зич доранд. Ҳар қадаре ки иқлими мо ба таври назаррас тағйир ёбад, ҳамон қадар ҳодисаҳои фалокатбори обу ҳаво ба амал меоянд.
Дар тамоми ҷаҳон экосистемаҳо зери хатар қарор доранд. Аз ҷангалҳо ва заминҳои лалмӣ то киштзорҳо ва кӯлҳо, фазоҳои табиие, ки инсоният аз онҳо вобаста аст, ба нуқтаи бозгашт наздик аст. Тибқи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ, 40% замини сайёра хароб шудааст, ки бевосита ба нисфи аҳолии ҷаҳон таъсир мерасонад. Аз соли 2000 сар карда, шумора ва давомнокии хушксолӣ 29% зиёд шудааст. Агар чораҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, хушксолӣ то соли 2050 метавонад ба беш аз 75% аҳолии ҷаҳон таъсир расонад.Барқарорсозии замин яке аз рукнҳои Даҳсолаи СММ оид ба барқарорсозии системаҳои экосистема (2021-2030) мебошад.
Ҳадафи Даҳсолаи Созмони Милали Муттаҳид пешгирӣ, боздоштан ва баргардонидани таназзули экосистема дар ҳама қитъаҳо ва ҳар як уқёнус мебошад. Барои он ки гармшавии глобалӣ дар ин аср дар зери 1,5°С нигоҳ дошта шавад, мо бояд то соли 2030 партобҳои солонаи газҳои гулхонаиро ду баробар кам кунем. Бе чорабинӣ, ифлосшавии ҳаво аз сатҳи бехатар дар давоми даҳ сол 50% афзоиш хоҳад ёфт ва ҳаҷми партовҳои пластикӣ, ки ба экосистемаҳои обӣ ворид мешаванд, то соли 2040 се маротиба афзоиш меёбад. Барои халли ин проблемахо чорахои таъчилй лозим аст.
Дар оянда талафоти иқтисодӣ ба нисфи ММД-и ҷаҳонӣ (ҳудуди 44 триллион доллар) мерасад. Илова бар ин, ба ҷаҳон гуруснагӣ ва муҳоҷирати оммавӣ ва низоъҳо таҳдид мекунад. Инсоният ӯҳдадор шудааст, ки то соли 2040 як миллиард гектар заминро ба ҳаёт баргардонад ва ин дастоварди назаррас хоҳад буд. Агар мо ҳамагӣ 15% заминро барқарор кунем ва аз таназзули минбаъда пешгирӣ кунем, мо ҳадди ақалл аз нобудшавии 60% намудҳои зери хатари нобудшавӣ канорагирӣ хоҳем кард.