Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ҳамоиш баргузор гардид

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар мавзӯи шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар ҳамоиш вобаста ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ибрози назар карда шуд.

Таъкид гардид, ки хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷой ва нақши мақоми давлатӣ дар низоми мақомоти давлатӣ, амалӣ намудани вазифа ва функсияҳои давлат, татбиқи салоҳияти мақомоти давлатӣ, хусусияти ваколати мансабҳои мушаххас ва аҳамияти онҳо дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ тақсим мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки таснифи хизматчиёни давлатӣ ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд нисбат ба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ талаботи дигари тахассусӣ муқаррар намоянд.