Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки 7-8 июн дар Париж доир мегардад, имрӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода кардани кадрҳои илмии Осорхонаи милии Тоҷикистон Алишер Зарипов аз Париж иттилоъ дод.
Дар намоиш осори илмию адабии Мавлоно, бахусус аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллӣ ва Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии асарҳои Мавлоно, аз ҷумла «Маснавии маънавӣ», ки онҳо аҳамияти бузурги таърихию фарҳангӣ доранд, пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд. Инчунин дар намоиш нусхаҳои дастнавис ва якчанд асари санъати миниётурнигорӣ, ки аз ҷониби рассом-миниётурнигор Олимҷон Комилзода тасвир гардидаанд, ба намоиш гузошта мешаванд. Дар ин асарҳо достонҳо аз осори Мавлоно бо санъати миниётурӣ офарида шудаанд.
Ҳамзамон дар намоиш аксҳо аз маросими ифтитоҳи мақбараи рамзӣ ва хона-музейи Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд, гузошта мешаванд.
Дар намоиш китобҳои «Гулчини ғазалиёт» ва «Ҷоми ҷон», ки дар онҳо ашъор ва ғазалиёти Мавлоно гулчин гардида, ба тозагӣ дар нашриёти «Ирфон» чоп шудаанд, ба маъраз гузошта мешаванд.
Аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар намоиш сӯзаниҳо, ки бо ҳунари баланд омода гардидаанд ва муаррифи фарҳанги тоҷикон мебошанд, инчунин либосҳои миллии тоҷикӣ, ки дастранҷи тарроҳи шинохтаи тоҷик Хуршед Сатторов ҳастанд, ба намоиш гузошта мешаванд.
Осори илмӣ –адабӣ ва фарҳангию ҳунарие, ки дар намоиши ҷашнӣ ба ифтихори гиромидошти Мавлоно дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж ба тамошо гузошта мешаванд, аҳамияти баланди таърихию фарҳангӣ дошта, таҷассумгари ҳаёт, рӯзгор ва фаъолияти илмию адабии Мавлоно ва дар маҷмуъ фарҳангу тамаддуни тоҷикон мебошанд.
Ҳадафи намоиш муаррифии осори ҷаҳоншумули Мавлоно дар қалби Аврупо ва арҷгузорӣ ба ин шахсияти таърихӣ ва осори бебаҳои шоир мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз