Имрӯз, 25 май президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ дар чаҳорчӯби таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии футбол дар фестивали футбол ширкат кард.
Рустам Эмомалӣ ҷашнвораро ифтитоҳ намуда, тамоми иштирокчиёнро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфт. Президенти ФФТ ба кӯдакон таманнои онро намуд, ки минбаъд низ ба варзиши дӯстдоштаи худ – футбол машғул шуда, ба қуллаҳои баланди варзишӣ бирасанд.
Президенти ФФТ ҳамчунин ба Созмони Милали Муттаҳид барои эътирофи Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Федератсияи байналмилалии футбол барои дастгирии ҳамаҷониба дар пешбурди ҳафтаи футбол дар саросари ҷаҳон изҳори сипос кард.
Собиқ нимҳимоятгари дастаи «Челси»-и Лондон ва тими миллии Нигерия Ҷон Оби Микел ҳамчун меҳмони фахрӣ дар фестивал иштирок дошт.
Дар фестивали футбол 600 нафар кӯдакону наврасон иштирок намуданд. Фестивал аз машғулиятҳои гуногуни шавқовар иборат буд. Мақсади асосии чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, дӯстию рафоқат, ташаккули маҳорату малакаҳои варзишӣ ва оммавӣ гардонидани футбол мебошад.
Баъди анҷоми фестивал ба иштирокчиён тӯбҳо тақдим карда шуданд.