Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 май дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ» ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид. Дар ин хусус Донишгоҳи миллӣ хабар додааст.
Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода оид ба ҳамбастагии ҷавонон ва сулҳу суботи ҷомеа, тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ сухан гуфт. Иброз гардид, ки имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеию пешрафти ҷомеа мебошанд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар сиёсати давлатӣ мавқеи ҷавононро назаррас арзёбӣ менамоянд.
Иштирокдорон доир ба нақши ҷавонон дар замони Истиқлол, дӯстиву рафоқат байни ҷавонон, пос доштани арзишҳои миллӣ ибрози назар намуда, изҳор доштанд, ки дар марҳилаҳои гуногуни рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатӣ дар бахши ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», консепсияву стратегияҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон қабул гардиданд, ки дар ҳаёти ҷавонони мамлакат нақши муҳим мебозанд.
Таъкид шуд, ки бо дарки масъулият ҷавонони баору номуси мамлакатро зарур аст, ки дар пайравӣ ба мактаби бузургу ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа иштироки фаъолона дошта бошанд.
Дар охир ба чанд омӯзгору донишҷӯи ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва донишгоҳ тақдим шуда, таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо ба таҳкими худшиносию ватандӯстии ҷавонон ва мустаҳкам намудани донишҳои ҳуқуқии онҳо мусоидат менамоянд.