Дирӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Ҳизби ҳалқӣ – демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва 30 солагии таъсисёбии Ҳизби ҳалқӣ – демократии Тоҷикистон, ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Нақши нерӯи созандаи миллат – барои имрӯзу фардои дурахшон” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони Ҳизби ҳалқӣ – демократии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, аъзоёни ҳизб ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар оғози ҳамоиш муовини раиси Ҳизби ҳалқӣ – демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода баромад карда, қайд намуд, ки ҷавонони даврони истиқлоли кишварам хеле зирак ҳастанд ва дар пешрафти ҷомеаи муосир нақши муҳим мебозанд. Ба андешаи Ӯ омӯзиши ҳамаҷонибаи масоили мухталифи ҷаҳон барои рушди тафаккури сиёсиву иҷтимоии онҳо мусоидат мекунад.
Дар идомаи ҳамоиш Сафармуҳаммад Сафармуҳаммадзода муовини ректори ДМТ суханронӣ карда, қайд намуд, ки масъалаи ба омӯзиш ва кор ҷалб гардидани ҷавонон зери таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин аст, ки дар ДМТ тамоми шароитҳои зарурӣ ҷиҳати забономӯзии ҷавонон мавҷуд буда, дар баробари ин донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, илова намуд Сафармуҳаммад Сафармуҳаммадзода муовини ректори ДМТ.
Ҳамчунин дар ҳамоиш Далер Сафарализода, сардори шуъбаи ҳуқуқи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ баромад карда, иброз намуд, ки имрӯз давлат ва Ҳукумати ҶТ фазои озоди ҳуқуқӣ, иқтисоди ва иҷтимоиро барои ҷавонон фароҳам овардааст. Аз ин хотир мо ҷавононро зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда ба маврид истифода бурда, баҳри гулгулшукуфоии кишвари азизам саҳми арзанда гузорем, гуфт Далер Сафарализода.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Нақши нерӯи созандаи миллат – барои имрӯзу фардои дурахшон” ин баланд бардоштани ҳуввияти милли ҷавонон дар ҳаёти имрӯза мебошад. Дар анҷоми ҳамоиши ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Ҳизби ҳалқӣ – демократии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, ба як гурӯҳ ҷавонони фаъол сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”