18 майи соли 2024 узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин (КМ ҲКЧ), роҳбари Дафтари Комиссияи корҳои хориҷии КМ ҲКЧ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И барои анҷоми сафари расмӣ вориди Душанбе гардид.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин пешвоз гирифт.