Имрӯз дар меҳмонхонаи “Кангурт”- и шаҳри Душанбе вобаста ба тағирёбии иқлим ва лоиҳаи системаи мониторинги ва дивертификатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тақвияти иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи шаффофият мутобиқи Созишномаи Париж” семинар баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагон беш аз 20 вазорату сохторхои марбутаи кишвар ва шарикони рушд ширкат намуда, роҷеъ ба масъалаи тағирёбии иқлим, ки имрузҳо яке аз масъалахои мубрам дар шароити ҳозира ва гузариш ба иқтисодиёти сабз мебошад, изҳори назар намуданд.
Гуфта шуд, ки ба туфайли амалӣ гардонидани лоиҳаю барномаҳои гуногун ва шомил шудани Тоҷикистон ба Созишномаи Париж имрӯз дар ҳудуди кишвари мо як қатор лоиҳаю барномаҳое амалӣ гашта истодаанд, ки ин метавонад то андозае мушкилоти экологии кишварро бартараф намояд. Аз ин рӯ, баргузории семинари имрӯза муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Инчунин таъкид рафт, ки Созишномаи Париж созишномае дар доираи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағирёбии иқлим аст, ки чораҳои коҳиш додани таркиби гази карбон дар атмосфераро аз соли 2020 инҷониб, аз ҷумла нигоҳ доштани болоравии миёнаи ҳарорати ҷаҳонӣ «хеле пасттар» аз 2°С ва ба харҷ додани талошҳоро барои маҳдуд намудани болоравии ҳарорат то 1,5°С танзим мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи миллии худро дар ҷавоб ба даъвати СММ оид ба муқаррароти созишномаи Париж дар робита ба нигаҳдории ҳарорати миёнаи сайёра баён намуда, дар ин раванд дар доираи Гурӯҳи кории Дурбан ҳамкории дахлдор ба анҷом расонид.
Олуфта Шарипова,
Радиои Тоҷикистон