Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём» – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ – ойини худшиносӣ» оғоз гардид. Озмуни мазкур дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.
Дар оғози озмун муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Ситора Сафарализода баромад карда, қайд намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ – ойини худшиносӣ» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳандози шуда, ҳадаф аз баргузории ин озмун ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба илмомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии наврасон мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи талаботи Низомномаи озмуни мазкур хонандагони синфҳои 8-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз барномаи таълимии фанни ҳуқуқ, конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду бахш: амалӣ ва назариявӣ аз рӯйи шартҳои “Кори хаттӣ”, “Эссе”, “Саволномаҳои тетсӣ”, “Мақола”, “Расм” ва “Шеър” гузаронида мешавад. Шаҳбоз Ашуров директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино зимни суҳбат ба мо гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ – ойини худшиносӣ» дар чор давр: дохили муассисавӣ, ноҳияҷӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Ба таъкиди ӯ дар даври дохили муассисавии озмун аз ноҳияи Сино зиёда аз 800 толибилмон иштирок карда, то имрӯз аз ҷониби масъулини даври якуми озмун ба кумитаи тадорукоти даври дуюми озмун тибқи Низомнома 246 довталаб пешниҳод гардид.
Азиза Раҷабова хонандаи синфи 10 – уми Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём» – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ – ойини худшиносӣ» мебошад. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки мақсади иштирокам дар озмун, ин баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқиам мебошад.
Мавриди зикр аст, ки ба хотири таъмини шаффофият ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмуни мазкур омӯзгорону коршиносон аз Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” ҷалб гардидааст. Бояд гуфт, ки ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ – ойини худшиносӣ» бо медал ва диплом қадрдонӣ карда мешаванд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”