Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, масъалаи пешгирӣ аз ғояҳои ифротгароӣ дар ҷомеаи кишвар, мушкилот дар роҳи рушди пардохтҳои ғайринақдӣ, таҷлили рӯзи пойтахти Тоҷикистон матолиби хабарӣ ва таҳлилӣ нашр кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 18 апрел бо нашри мақолаи таҳлилие масъалаи раванди гузариш ба пардохтҳои ғайринақдиро дар кишварр баррасӣ кардааст.
Муаллиф менависад, ки як таҳлили ихтисосӣ нишон дод, имрӯзҳо дар аксар нуқтаҳои хизматрасонӣ терминалҳои ҶСП “Душанбе сити” ба таври бояду шояд фаъол набуда, барои сокинони пойтахт гоҳе мушкил эҷод мекунанд.
Хуллас, ба гуфтаи муаллиф, аз як таҳлили кӯчак бармеояд, ки ширкати «Душанбе сити» ҳамчун масъули татбиқи низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ҳанӯз ҳам мушкил дорад.
Вале барои ҳарчи зудтар бартараф намудани ин ва дигар камбудиҳои ҷузъӣ ҳамдастии на танҳо сохторҳои дигари масъул, балки худи сокинон низ ногузир аст. Сар карда аз истифодаи дурусти муштариён аз терминалҳо то муносибати мақомоти танзимкунанда метавонад дар роҳи расидан ба ҳадафи асосӣ, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамагӣ ду сол муҳлат додааст, мусоидат кунад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин хабар дод, ки Мутахассисони Корпоратсияи миллии нефти Чин рӯзи 11-уми апрел дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи нафт шуруъ карданд.
Директори генералии ширкати миллии нафти Чин барои Осиёи Марказӣ Биен Деҷӣ гуфт: «Ин ширкат омода аст, ки ба Тоҷикистон дар ноил шудан ба худкифоӣ бо захираҳои нафту газ кӯмак расонад ва дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми арзанда гузорад».
Дар ин маросим зикр шуд, ки корҳои иктишофии геологӣ дар майдони 15,3 километри мураббаъ сурат мегирад. Мутахассисон захираҳоро дар ин минтақа 27,5 миллиард баррел нафт арзёбӣ карданд, ки 69 дарсади онро газ ва 31 дарсадро омехтаи нафту газ ташкил медиҳад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 17 апрел хабар дод, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ахири худ созишнома миёни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд тасвиб карданд, ки дар чорчӯби он барои рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон 86 млн доллар ҷудо мешавад.
Юсуф Маҷидӣ муовини вазири молияи Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумон гуфт, ки қисмати асосии лоиҳа бо маблағи 59,3 млн доллар барои сохтмони 53 мактаб ва таҷҳизи онҳо бо мебел, зерсохтҳои рақамӣ, таҷҳизоти лабораторӣ ва маводҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст.
Дар баробари ин Парвина Маликзод муовини раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ин лоиҳа аз ҳисоби қарзи Бонки исломии рушд ба маблағи 45 миллион доллар, гранти Сандуқи шарикии глобалӣ дар соҳаи таҳсилот ба маблағи 25 миллион доллар ва қарзи Сандуқи ОПЕК ба маблағи 8 миллион доллар маблағгузорӣ карда мешавад. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи мазкур 8 миллион доллар аст.
Парвина Маликзод таъкид кард, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани сифат ва самаранокии таълим, ислоҳоти барномаи таълимӣ дар асоси сифати таҳсилот, инчунин, ҷиҳати рушди касбии омӯзгорон дар такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон аст.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 15 апрел бо нашри матлабе масъалаи тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингарди пойтахти кишварро матраҳ кардааст.
Муаллиф дар ин замина ба афзоиши назарраси шумораи нақлиёти автомобилӣ дар кишвар тайи солҳои охир ишора мекунад, ки яке аз омилҳои асосии тамбашавӣ дар роҳҳои мошингари шаҳри Душанбе аст.
Гуфта мешавад, ки агар дар кишвари соли 2014-ум ҳамагӣ наздики 39 ҳазор ҳама намуди нақлиёт мавҷуд буд, имрӯз ин рақам беш аз 601 ҳазор расидааст.
Аз сӯи дигар таъкид мешавад, ки яке аз роҳҳои муассири бартараф кардани тамбашавӣ дар роҳҳои пойтахт бунёди роҳҳои чандсатҳа дониста мешавад.
Дар ин замина масъулини Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе иттилоъ додаанд, ки дар солҳои наздик ба истифода додани наздик ба даҳ эстакада ва дар маҷмӯъ, дар доираи нақшаи генералии пойтахт бунёди бист чорроҳаи сесатҳа дар назар аст». Бояд гуфт, ки айни замон дар пойтахт ду эстакадаи сеқабата — яке дар маҳаллаи Қарияи боло ва дигаре дар маҳаллаи 82-юм мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 17 апрел масъалаи манъи содироти шакарро аз Русия ва таъсири онро барои бозорҳои Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф Тоҷикистон дар соли гузашта 141.5 ҳазор тонна шакар аз хориҷа ворид кардааст, ки беш аз 45 ҳазор тонна ё худ 32 дарсдаи он ба Русия рост меояд. Қисмати дигари шакар ба Тоҷикистон аз Покистон 28%, Ҳиндустон 26 % ва Белорус 12% ворид карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол Шероз Ниёзов як масъули Агентии захираҳои модии давлатӣ гуфтааст, ки баъди манъи содироти шакар аз ҷониби Русия, Тоҷикистон дар ин замина бо Белорус ҳамкорӣ дошта, маҳслуоти мавриди ниёзро аз ин кишвар таъмин мекунад. Дар ин замина зикр мешавад, ки талаботи миёни аҳолии Тоҷикистон ба шакар 120 ҳазор тоннаро ташкил мекунад.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 18 апрел гузориши муфассал аз натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи мақомоти андози Тоҷикистон нашр крадааст. Нашрия менависад, ки тибқи оморҳо иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардида, ба ҷойи 4 млрд 532,9 млн сомонӣ, ба буҷети давлатӣ 4 млрд 802,4 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 269,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Аз сӯи дигар дар ин гузориш гуфта мешавад, ки бақияи қарзи андозҳо (бе дарназардошти қарзҳои ҶСК “НОБ Сангтуда-1” – 186,6 млн сомонӣ) ба ҳолати 1 апрели соли 2024, дар маҷмуъ, 724 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2024 ба маблағи 76,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, ки маблағҳои нисбатан зиёди қарзи андозҳо, асосан, ба ҶДММ “Талко Ресурс” – 75,4 млн сомонӣ, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” – 57,3 млн сомонӣ, ҶСК “Тоҷиктелеком” ва корхонаҳои тобеи он – 38,8 млн сомонӣ, ҶДММ “Анзоб” – 41,1 млн сомонӣ, КФ “Кони ангишти Зиддӣ” – 15,5 млн сомонӣ ва ҶСК “Алюминсохтмон” – 20,2 млн сомонӣ рост меояд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”