Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави ҳамёрии стратегӣ ва ҳампаймонӣ” баргузор гардид.
Конфронси мазкур аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инсттитути байналмилалии Осиёи Марказӣ муштарак ташкил карда шудааст. Дар Конфронс масъалаҳо ва муҳокимаи дурнамои пешбурди муносибатҳои иттифоқӣ, таҳлили муфассали ҳолат ва ҷараёни татбиқи барномаҳо ва ҳуҷҷатҳои муштараки қабулшуда, ҷустуҷӯи механизмҳои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ва дигар мавзӯъҳо баррасӣ шуданд.
Итилоъ дода шуд, ки ҳамоиши мазкур идомаи мантиқии талошҳои муштараки роҳбарони ҳарду кишвар ва муносибати дӯстонаю хайрхоҳонаи мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди муштарак мебошад.
Сурайё Сироҷиддин,
радиои “Тоҷикистон”