Имрӯз аз таъсиси рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” 94 сол сипари гардид. Шумораи аввалини “Ҷавонони Тоҷикистон” бо номи “Комсомоли Тоҷикистон” соли 1930 рӯйи чоп омад. Таъсиси рӯзномаи мазкур имкон фароҳам овард, ки минбаъд ҳаёт, фаъолият ва тарбияи ҷавонон мавриди назари аҳли ҷомеа қарор гирад.
Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” 94 сол дар фазои иттилотии кишвар фаъолият намуда, дар тӯли ин муддат тавонистааст, ки мардумро аз руйдодҳо ва ҳаёти ҷавонони муваффақи мамлакат огоҳ созад. Беҳрӯз Қаюмӣ, котиби масъули рузномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” зимни суҳбат ба мо гуфт, ки рӯзнома дар баробари он ки аз ҳаёту дастовардҳои ҷавонон мавод нашр менамояд, инчунин дар инъикосу баррасии масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва рушди ҳама соҳаҳои кишвар нақши худро мегузорад.
“Ҷавонони Тоҷикистон” рӯзномаест, ки давоми 94 сол дар тарғиби дастовардҳои кишвар саҳми арзанда гузошта, бо нигоштаҳои хеш тарбиятгари насли ҷавон будаву пайваста онҳоро ба роҳи рост раҳнамун сохтааст. Инчунин рӯзнома тавонистааст, ки дар беҳтару баланд сохтани донишу ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа саҳми муносиб гузорад. Нуруллоҳи Ориф корманди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” зимни суҳбат ба мо гуфт, ки рӯзнома минбари рӯзноманигорони ҷавон ба ҳисоб рафта, то имрӯз садҳо нафар кадрҳои ҳирфаӣ омода кардааст. Аз ин лиҳоз онро мактаби омода гардидани рӯзноманигорони оянда ҳам метавон ном бурд, гуфт Нуруллоҳи Ориф
Имрӯзҳо бо боварӣ метавон гуфт, ки рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” яке аз нашрияҳои маҳбуби ҷавонони кишвар аст. Дар баробари он ки рӯзнома ҳар ҳафта бо хабару матлабҳои муҳим чоп мегардад, инчунин он сомонаи худро дорад ва ҳар рӯз дар он маводҳои колективи рӯзнома гузошта мешавад. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам саҳифаҳои рӯзнома хеле фаъоланд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”