Оғози  даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони  синфҳои 9-10

Аз 5 апрели соли 2024 дар «Мактаби байналмилалии Президентӣ» даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 9-10-и муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ оғоз гардида, то 7 апрел идома меёбад.

Масъули баргузории даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннӣ МД «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» буда, бо дарназардошти тамоми ҷанбаҳои муосири олимпӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар маросими ифтитоҳии даври ҷумҳуриявии Олимпиада вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, директори МД «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» Муҳаммадҷон Ғафорзода, инчунин намояндагони дигари илму маорифи кишвар, иштирок намуданд.

Дар ин бора аз МД «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ба хабарнигори радиои Тоҷикистон Сарвинози Сайдалӣ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ дар ин марҳилаи олимпиада 760 нафар аз фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ ва 443 нафар аз фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ ширкат варзида, дар умум 1203 нафарро ташкил медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки баргузории Олимпиадаҳои фаннӣ воситаи беҳтарини дарёфти хонандагони болаёқат буда, бо ин роҳ дар рушди иқтидори илмии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.