Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман – Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки мулоқоти имрӯза идомаи муколамаи созанда байни Тоҷикистон ва Туркманистон маҳсуб мешавад.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ва шарикии стратегӣ бо давлати бародари Туркманистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Дар мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳми шоистаи Пешвои миллии мардуми туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, ба талошҳои доимиашон дар таъмини рушди устувор ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон баҳои баланд доданд.
Ҷонибҳо нақши муассири парлумонҳои ду давлатро дар таъмини инкишофи муносибатҳои иҷтимоиву сиёсӣ таъкид карда, изҳори боварӣ намуданд, ки робитаҳои судманди байнипарлумонӣ ба равобити байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркманистон мазмуну муҳтавои тоза зам менамоянд.
Зимни мулоқот масъалаҳои равобит дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши мол, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои нафту газ, кимиё, металлургия, нақлиёту коммуникатсия ва аграрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари ин, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон дар густаришу тақвияти минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тавсеаи муносибатҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла дар бахшҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ ва тандурустӣ иброз доштанд.
Ҳамчунин мусоҳибон доир ба маҷмуи масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мушкилоти Афғонистон ва роҳандозии талошҳои муштарак дар самти мубориза бар муқобили таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ ибрози андеша намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»