Баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Туркманистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Зимнан санадҳои зерин ба имзо расиданд:
Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2024-2025,
Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон,
Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимлики шаҳри Аркадаги Туркманистон дар бораи ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ,
Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сохтмон ва меъмории Туркманистон,
Ёддошти тафоҳум байни Институти геология, сохтмони ба заминларза тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти сейсмология ва физикаи атмосфераи Академияи илмҳои Туркманистон.