Дар Душанбе барномаи бошукуҳи “Корвони шодӣ” баргузор шуд

Шоми 25 – уми марти соли 2024 дар маҷмааи Майдони “Истиқлоли”-и шаҳри Душанбе чорабинии наврӯзӣ, зери унвони “Корвони шодӣ” баргузор гардид. Дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва меҳмонони сершумор ширкат варзиданд.

Қабл аз баргузории чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, меҳмонон, ширкаткунандагони ҳамоиши наврӯзӣ, мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳонро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилаӣ табрику муборакбод намуданд. Роҳбари давлат зимни суханронии худ иброз намуданд, ки: “Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгони некномамон то замони мо расидааст. Мувофиқи асотире, ки дар миёни гузаштагони мо маъруф будааст, нахустин шоҳи олам Каюмарс, ки тавсифи подшоҳии ӯ дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ омадааст, дар ин рӯз ба тахти шоҳӣ нишастааст”.

Пешвои миллат дар такя ба сарчашмаҳои муътамад зикр намуданд, ки: Ҷашни Наврӯз дар заминаи андешаҳои амиқу пурвусъат ва ҷаҳонбиние бунёд шудааст, ки сабаби пойдории ҳувияту ҳастии мардуми мо, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллиамон то ба имрӯз гардидаанд. Маҳз ҳамин афкору андеша ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии Наврӯз ва дигар силсилаҷашнҳои ориёӣ, аз қабили Сада, Тиргон ва Меҳргон бо гузашти асрҳо ба ҷузъи муҳимми худшиносии миллии тоҷикон табдил ёфтаанд.

Наврӯз ҷашни сирф табиӣ, рамзи бедории табиат, пайванди ногусастаниву ҷовидонаи инсон бо табиат ва пайки шодиву сурури хурду бузурги мардум мебошад. Бинобар ин, мо онро ҳамчун мероси пурғановати фарҳангиамон нафақат таҷлил менамоем, балки барои омӯхтану барқарор кардани ойину русуми азбайнрафтаи он талош мекунем.

Сарвари давлат бо ифтихор иброз намуданд, ки: “Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст.Халқу миллатҳои зиёди дунё ин ҷашнро қабул намуда, онро бо анъанаҳои хоссаи худ таҷлил мекунанд. Яъне Наврӯз ба як омили муҳимтарини паҳншавии фарҳангу тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон дар олам табдил ёфтааст”.

Пешвои миллат аз истиқлолу озодӣ ёдовар шуда таъкид намуданд, ки: “Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас – дар таърихи навини тоҷикон бо ҳамдигар пайванди амиқ пайдо кардаанд, зеро Наврӯз ҳамчун шиносномаи таъриху фарҳанги миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас – дар таърихи навини тоҷикон бо ҳамдигар пайванди амиқ пайдо кардаанд, зеро Наврӯз ҳамчун шиносномаи таъриху фарҳанги миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Ба таъкиди роҳбари давлат маҳз неъмати соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки Наврӯз бо ин ҳама шукӯҳу шаҳомат ва расму ойинҳои неку созандааш дар сарзамини мо дигарбора эҳё ва таҷлил гардад.

Президенти кишвар зарур донистанд, ки бо истифода аз суннату анъанаҳои неки миллиамон ба хотири шукуфоиву рушди кишвари азизамон ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ минбаъд низ талош намоем ва тамоми имконияту нерӯи худро ба бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон равона созем.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии худ вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза, таҳдиду хатарҳои замони муосирроро гуфта гузаштанд.

Пешвои миллат бо изҳори нигаронӣ аз ҳодисаи нангину даҳшатноки дар наздикии шаҳри Москва рухдода ёдовар шуда аз падару модаронрони насли наврас даъват ба амал оварданд, ки ба тарбияи фарзандон эътибори боз ҳам ҷиддӣ диҳанд.

Президенти кишвар такроран таъкид намуданд, ки: “Мо бояд наврасону ҷавононро аз таъсири чунин гурӯҳу ҳаракатҳои харобкору даҳшатафкан эмин нигоҳ дорем ва нагузорем, ки фарзандони мо ба номи неки миллати тоҷик, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва падару модари худ иснод оваранд”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷоми суханронии худ, дар маросими баргузории карнавали наврӯзии “Корвони шодӣ” дар шаҳри Душанбе таъкид намуданд, ки: “Мо бояд пайваста кӯшиш намоем, ки хонаву кошона, маҳалли зист ва ҷойи кори худро ҳамеша ороставу зебо нигоҳ дорем, зебоипарастӣ, озодагиву тозакорӣ ва ободониро ба одати доимии хурду бузурги мамлакат табдил диҳем, то ин ки тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азизи мо дар ҳамаи фаслҳои сол ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёбад ва ҳар рӯзи Тоҷикистон мисли Наврӯз бошад”.

Пас аз суханронии роҳбари давлат барномаи театрикунонидашудаи аҳли фарҳанг пешкаши тамошобинон карда шуд.

Дар барномаи бошукӯҳи “Корвони шодӣ” ” устодони санъату фарҳанг, аз театрҳои касбӣ, дастаҳои гуногуни ҳунарӣ, сарояндагону навозандагони шинохта, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҳам гулғунчаҳои наврӯидаи санъати тоҷик иштирок намуда, фазои бошукӯҳи идона ба миён оварданд.

Дар чорабинии бошукуҳи идона аз ҷониби аҳли ҳунар сурудҳои тараннумкунандаи зебогиҳои диёри бостонӣ, Наврӯзи ҷаҳонӣ шукуҳу шаҳомати Ватани азиз, дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, васфи ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва хислатҳои башардӯстии Пешвои муаззами миллат пешкаш карда шуд.

Дар қисмати охири ҳамоиш роҳбари давлат ба сокинони кишвар муроҷиат карда иброз намуданд, ки: Тоҷикистон дар асл ватани Наврӯз аст ва кушишҳои ҳамаи мо дар назди СММ ҷиҳати ҷаҳонии он самараи хуб овард. Мо бояд аз хурофот дур бошем ва барои ояндаи худу кишвари азизамон саҳми бузург гузорем”.

Аз чеҳраҳои хандону шукуфон ва дилхушии иштирокдорону бинандагони ин тантанаи бузург ҳувайдо буд, ки ин барномаи рангини шукӯҳманд дар хотири кулли онҳо то дер нақш хоҳад баст.

Мушакандозии бардавом анҷомбахши барномаи рангини консертӣ буд, ки хушу хотирмон сурат гирифт.

Нуралӣ Давлат, махсус барои

сомонаи Радиои Тоҷикистон