Нуралӣ Каримзода, рўзноманигори тоҷик чанде пеш дар саҳифаи фейсбукии худ аксҳоеро аз лаҳзаҳои қаллобии як гуруҳ ҷавонон, ки дар наздикии бозори Корвон бозии ба қавли мардум «Алик-малик»-ро ба роҳ мондаанд, нашр намуд, ки билохира ба баҳси доғи корбарон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук боис гардид. Мавсуф, дар пайи нашри ин аксҳо навиштааст: «Пеши роҳи “Алик – малик» – ро кӣ мегирифта бошад? Ин як мушоҳидаи мо буд дар наздикии бозори “Корвон”
Ба гуфтаи Садбарг Боқиева, як истифодабаранда, ки дар оғози баҳс овардааст: «Инҳо бештар мардуми содаву зудбоварро ба домашон кашида, пулҳояшонро то охир мегиранд. Дуздии рўйирост дар рўзи равшан! Ин ҳам як навъи ҷинояти қабеҳи кисабурист. Бояд мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ рўйи ин масъала бештар кор кунанд»
Ба гумони Назира Сайидова, яке аз мубоҳисон сину соли аксари ин гуна афрод ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ рост меояд ва дар айёми оғози ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ инҳоро низ бояд ба сафи артиш ҷалб кард. Ин корбар маслиҳат додааст, ки онҳое, ки ба таври иҳотагарӣ, яъне облава ҷавононро доштан мехоҳанд, бояд инҳоро ба таври иҷборӣ ба сафи артиш ҷалб намоянд.
Нуралӣ Каримзода, ки ин масъаларо дар доираи корбарон ба баҳс кашидааст, ҷойи дигар аз мушоҳидаҳои худ чунин овардааст: «Дирӯз якчанд донишҷӯ ва як марди дигарро мушоҳида намудам, ки маблағҳои зиёд ва телефонашонро аз даст додаву танҳо гиря намекарданду халос» Ба бовари ў, милитсияи пойтахт роҳи ҳалли ин масъаларо меёбад ва чораи махсус меандешад.
Пулодзода, яке аз иштирокдорони ин баҳс иброз доштааст: «Ин гуруҳ чанд муддат аст, ки ин амали худро дар назди мардум анҷом медиҳанд, аммо касе сади роҳи онҳо намегардад»
Дар ҳамин ҳол, Лоиқ Шералӣ, як корбар арз доштааст: «Дар воқеъ, ин қиморбозони қаллоб дар маконҳои серодам ҳамарўза ба «алик-маликбозӣ» машғуланд ва зарари зиёди пулӣ ба мардум мерасонанд»
Сайрам Давлатова, як бонуи корбар ба ин баҳс ворид шуда, навиштааст: «Бозии онҳо чунин аст, ки се қуттича дар даст доранд ва як сақо дар зери яке аз он қуттичаҳост. Агар онро ёфтӣ, бурд мекунӣ, дар сурати ғайр бозиро мебозӣ ва пулҳоятро аз худ мекунанд. Мутаассифона, бо фиреб ҳамеша бозикунандаҳоро мувоҷеҳи бохт месозанд»
Суннатулло Раҳматов, ки зоҳиран дар ин гуна бозӣ иштирок кардааст, менависад: Аҷобаташ ин аст, ки сақо ё хафакро дар таги қуттича мебинӣ. Вақте, ки қуттичаро мебардорӣ, хафак нест»
Дар пайи баҳс атрофи ҳамин мавзўъ, Асадулло Зикрихудоев ба корбарон маслиҳат додааст: «Аз ҳама роҳи осонаш бозӣ накардан бо ин гуна афрод аст. Аллакай ҳама медонанд, ки ин фиребгарии маҳз мебошад»
Қишри асосие, ки бештар ба доми ин қаллобон меафтанд, ба назари Сайид Раҷабов, донишҷўёни нав аз деҳа ба шаҳр омада мебошанд. Дигарон инҳоро нағз мешиносанд ва аз онҳо худро ҳамеша дар канор нигаҳ медоранд.
Шодӣ Раҳматов иброз доштааст: «Дар ҳама бозорҳои калон онҳо фаъолият мекунанд. Аҷибаш ин аст, ки агар ягон зани куҳансол ба савдои кўчагӣ машғул шавад, милисаҳо зуд ўро пеш мекунанд. Аммо ин «алик-маликбоз»-хоро касе аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуё намебинад»
Амир Қаюмов, ёдовар шудааст: «Як дафъа дар саховат бо як рафиқам қуттиҳои яктоашро ҷамъ карда, худашро кашида бурдем. Гирдаш пур аз одам шуд. Қариб буд, ки худамонро лату кўб мекарданд. Хайрият ҳамроҳонаш дар дуртар қарор доштанд ва мо баъди андаке даст ба гиребон шудан аз онҷо фирор кардем»
Оламафрўз Абдуллоев хотиррасон шудааст: Ин навъи қаллобӣ, яъне ба истилоҳи мардум «алик-маликбозӣ» дар замони Шўравӣ ҳам вуҷуд дошт. Агар то ҳол ба мардуми мо дарси ибрат нашуда бошад, пас чӣ ҷойи гилагузорӣ!»
Умедҷон Холов, яке аз истифодабарандагон навиштааст: «Онҳое, ки ба ин кор машғуланд ва мардумро ҳамарўза фиреб медиҳанд, бояд донанд, ки пули ба даст меовардаашон ҳаром аст. Барои пули ҳалол меҳнат кардан лозим!»
Вобаста ба роҳи ҳалли ин масъала, Шуҳрат Худоёрович, яке аз баҳскунандаҳо маслиҳат додааст: Пеши роҳи инҳоро ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба таври фардӣ гирад. Яъне, роҳи осонаш бозӣ накардан аст. Ин як қиморест, ки натиҷааш бо бурди онҳо анҷом меёбад. Ҳар он касе, ки қимор бозӣ мекунад, сазояш ҳамин аст»
Дар хотимаи баҳси мазкур дар тақвияти андешаҳои ин муаллиф, Алишоҳ Сафаров илова намудааст: «Бале, агар мардум, махсусан ҷавонон зирак бошанду ба ин чизҳо наздик нашаванд, инҳо худ аз худ аз байн мераванд»
Дилшоди Муҳаммад
Радиои “Тоҷикистон”